Нуробод дар рӯзи аввал нақшаи даъватро пурра иҷро намуд

Субҳи имрӯз дар ноҳияи Нуробод Рӯзи даъватшаванда бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил гардид. Волидайни ҷавонони саодатманд фарзандони хуштолеъи худ — ҳомиёни ояндаи Ватанро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуда, бо ифтихори беандоза ин рӯзро ба як тантанаи бошукӯҳ табдил доданд.

Ба хотири гусели ҷавонон дар Боғи фарҳангиву фароғатии шаҳраки Дарбанд маркази ноҳияи Нуробод ҷамъомад баргузор гардид. Дар ҳамоиш муовини аввали раиси ноҳияи Нуробод, масъулини комиссариати ҳарбӣ, собиқадорон, падару модарон ва роҳбарони дигар сохторҳои дахлдор ба наваскарон роҳи сафеду хизмати софдилона таманно намуданд.

Маросими бошукӯҳ бо анъанаи мардумии нонгазон ва дуои пирони рӯзгордида ва дар фазои суруду таронаҳои дилангези тараннумгари Ватан ба анҷом расид.

Ноҳияи Нуробод дар рӯзи аввали даъвати тирамоҳӣ ҳудуди 116 нафар ихтиёриёнро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар гусел намуд ва нақшаи даъвати тирамоҳӣ дар рӯзи аввал ба пуррагӣ иҷро гардид.

Ҷамшед Раҳимбеков,

ноҳияи Нуробод