Имрӯз дар Муассисаи давлатии Амфитеатри «Аҳорун»-и шаҳри Душанбе ба муносибати даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ маросими тантанавии «Рӯзи даъватшаванда» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои низомӣ, собиқадорони меҳнат ва Қувваҳои мусаллаҳ, падару модарони даъватшавандагон ва ҷавонон иштирок намуданд.
Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки хизмати ҳарбӣ барои ҳар шаҳрванди кишвар яке аз муҳимтарин масъулиятҳои шаҳрвандӣ буда, барои ҷавонон мактаби тарбияи ҳисси масъулият, интизом ва ватандӯстӣ ба шумор меравад.
Дар идомаи чорабинӣ барномаи фарҳангиву фароғатӣ баргузор шуда, ҳунармандони маъруфи кишвар бо суруду таронаҳои ватандӯстона хотири иштирокдоронро шод карданд.
