Ҳамасола санаи 8 май дар саросари кишвархои дунё ҳамчун Рўзи умумиҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар эътироф гардидаааст.
Рӯзи умумиҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ба хотири зодрўзи ходими ҷамъиятӣ ва гуманист, асосгузори Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, Жан Анри Дюнан, ки 8 майи соли 1828 дар шаҳри Женеваи Шветсария ба дунё омаддаст (8 майи 1828 – 30 октябри 1910) бахшида шудааст.
Соли 1863 бо ташаббуси Анри Дунан конфронси байналмилалӣ даъват карда шуд, ки он ба он таъсиси Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх асос гузошт. Номи расмии “Салиби Сурхи Байналмилалӣ” соли 1928 дар конференсияи 13-уми байналмилалӣ дар шаҳри Гаага тасдиқ карда шуд. Рӯзи Салиби Сурх бори аввал танҳо пас аз 20 сол, дар соли 1948, ҷашн гирифта шуд. Бо гузашти вақт, номи ин рӯз тағйир ёфт ва соли 1984 ин ид “Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар” номида шуд.
Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар як шабакаи глобалии башардӯстона мебошад. Он аз Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх, Федератсияи байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ва 192 Ҷамъиятҳои Миллии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар иборат аст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 декабри соли 1927 Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) таъсис дода шуд. ҶҲАТ низ яке аз аъзоёни Иттиҳоди Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмари ИҶШС буд.
Соли 1992 дар робита бо пошхӯрии ИҶШС санад “Дар бораи барҳам додани Иттиҳоди Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмари ИҶШС қабул карда шуд. Ин ҷамъият дар саросари кишвар 2 бахши вилоятӣ (Суғд ва ВМКБ), 2 бахши минтақавӣ (Бохтар ва Кўлоб) ва 65 бахшҳои шаҳриву ноҳиявӣ дошта, зиёда аз 14 000 аъзо ва беш аз 12 000 волонтёр ё ихтиёрӣ дорад.