Баҳодур Усмонов бидуни мушкилӣ ба даври 1/4 финали Чемпионати ҷаҳонии бокс роҳ ёфт

Дар даври сеюми Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс, ки дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардида истодааст, рақиби муштзани тоҷик Баҳодур Усмонов (63,5кг) варзишгари Марокаш – Нодир Абдулҳақ бо сабабҳои номаълум аз идомаи рақобат даст кашид ва Баҳодур бидуни мушкили ба даври 1/4 ниҳоии Чемпионати ҷаҳон роҳхат гирифт.

Давоми рӯзҳои гузаштаи Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс дар Тошканд муштзанони тоҷик Меҳрон Шафиев (48кг), Абубакр Муродзода (60кг), Довуд Маҳкамов (71кг), Шаббос Негматуллоев (80кг) ва Муҳаммад Аброриддинов (+92кг) мувоҷеҳи шикаст шуда, аз идомаи мусобиқа бенасиб монданд.

Муштзанони дигари кишвар Меҳроб Ҳомидов (51кг) , Меҳроҷ Зоидов (54кг), Асрор Воҳидов (57кг), Баҳодур Усмонов (63,5кг), Некрӯз Салимов (75кг), Парвиз Каримов (86кг) ва Давлат Болтаев (92кг) ҳоло рақобатҳоро идома медиҳанд.

Ёдовар мешавем, ки аз 1-ум то 14-уми май дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни мардон доир мешавад ва Тоҷикистонро 13-муштзан  намояндагӣ доранд.

Дар Чемпионати ҷаҳонии бокс 640-варзишгар аз 140-кишвари ҷаҳон номнавис шуда, дар 13-категорияи вазнӣ рақобат мекунанд.

Фонди умумии ҷоизаҳо дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни мардҳо 5,2 миллион долларро ташкил медиҳад. Ғолибони ҷойи аввал дар ҳамаи вазнҳо 200 000 доллари ИМА, барандагони медали нуқра 100 000 ва барандагони медали биринҷӣ 50 000 доллари ИМА дарёфт хоҳанд кард.

                   Сорбон Амонуллозода