Дар доираи рақобати финалии Лигаи Чемпионҳои Осиё дастаҳои «Урава Ред Даймондс»-и Ҷопон ва «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ ба ҳам омаданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи «Саитама»-и шаҳри Саитама доир шуда, бо ҳисоби минималии 1:0 бар нафъи мизбонон хотима ёфт. Дидори аввали дастаҳо дар шаҳри Риёз бо натиҷаи мусовӣ 1:1 сурат гирифта буд.
Дар ин рақобати ҳалкунанда ягона голи вохӯриро дар дақиқаи 48-уми бозӣ аз ҳайати дастаи «Ал-Ҳилол» – Карилло ба таври худгол вориди дарвозаи тимаш карда, дастаи «Урава Ред Даймондс»-ро қаҳрамон гардонид.
Ҳамин тавр, дастаи «Урава Ред Даймондс» маротибаи сеюм ғолиби Лигаи Чемпионҳои Осиё гардид. Қаблан, даста солҳои 2007 ва 2017 ғолиби мусобиқаи мазкур гардида буд.
Бояд қайд намоем, ки тими ғолиб – дастаи «Урава Ред Даймондс» бо арзиши 4-млн доллар қадрдонӣ карда шуд. Ба бошгоҳи «Ал-Ҳилол» бошад, 2-млн тақдим карда мешавад.
Сорбон Амонуллозода