Саидэҳсон Ҷалолиён корманди Радиои “Тоҷикистон” дар рӯзи ҷаҳонии “Озодии баён” соҳиби ҷоизаи “Эътимод” гардид. Ин ҷоизаро имрӯз зимни баргузории Конфронси миллӣ бахшида ба Рӯзи озодии баён – 2023 раиси Шӯрои ВАО Ҳуриниссо Ализода ба Саидэҳсон Ҷалолиён тақдим намуд.
Ҷоизаи “Эътимод” дар як сол як маротиба ба нафаре дода мешавад, ки ҳангоми фаъолияти журналистӣ меъёрҳои ахлоқии журналистиро пурра риоя намудааст. Қаблан Шӯрои ВАО – и кишвар иттилоъ дода буд, ки барои дарёфти ҷоизаи мазкур 4 номзад, ки овози бештари корбарони шабакаҳои иҷтимоиро соҳиб шудаанд, интихоб гардида, барои баррасӣ ба Комиссияи озмун пешниҳод шуданд.
Ба иттилои раёсати Шӯрои ВАО комиссия, ки аз шахсиятҳои арзандаи журналистикаи Тоҷикистон иборат буданд, Саидэҳсон Ҷалолиёнро номзади арзанда барои дарёфти ҷоизаи “Эътимод” донистаанд.