«Тоҷикфилм» дар ҳамкорӣ бо киностудияи «Лендок»-и Русия филми муштарак таҳия менамояд

    29-уми апрели соли 2023 директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён бо директори генералии кинстудияи “Лендок” Телнов Алексей Николаевич, ки бо мақсади тақвияти ҳамкориҳо ҷиҳати таҳияи филми муштарак ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, мулоқот анҷом дод. Дар ин бора аз «Тоҷикфилм» хабар доданд.

    Зимни вохӯрии самимӣ доир ба рушди ҳамкориҳо, филмбардории муштарак ва ба намоиш гузоштани филмҳо дар қаламрави ҳар ду кишвар ибрози назар карда шуд.

    Таҳкими равобиту ҳамкориҳои самаровар дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ боиси рушду нумӯи соҳаи синамо гардида, ҷиҳати тавсеаи муносиботи ҳасанаи синамонигорони ҳар ду ҷониб заминаи мусоид фароҳам меорад.

    Таъкид гардид, ки дар асоси Меморандуми ҳамкории Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ва киностудияи “Лендок” минбаъд таҳия ва наворбардории филмҳои ҳунарии “Оромӣ дар кӯҳҳо”, “Афсонаи пирмард Хаттаб”, филми мустанади “Масҷид” ва филми тасвирии “Бабри барфӣ” дар назар дошта шудааст.

    Аҳли эҷоди киностудияи “Лендок” ҳоло дар болои филмнома кор карда, пас аз пурра омода шудан барои баррасӣ ва омӯзиш ба ҳайати мушовараи Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” пешниҳод карда мешавад.

    Дар таҳияи филм аҳли эҷоду техникӣ ва ҳунарпешаҳои тоҷик ҷалб карда шуда, дар ҳамкорӣ бо гурӯҳи эҷодӣ ва ҳунарпешаҳои рус ва ҳунарпешаҳои дигар кишварҳо рӯйи навор оварда мешавад.

    Сарвари киностудияи “Лендок” муддати ду рӯз аз ҷойҳои таърихию сайёҳӣ ва манзараҳои дилфиреби Тоҷикистон НБО “Норак”, “Хоҷа оби гарм”, дараи Варзоб ва Қалъаи Ҳисор дидан намуд.