Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Президенти ФИФА Ҷанни Инфантино мулоқот кард 

Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ имрӯз, 2 май президенти Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) Ҷанни Инфантиноро, ки бо сафари расмӣ ба Душанбе омад, ба ҳузур пазируфт. 

Президенти ФФТ Рустами Эмомалӣ дар оғози мулоқот Ҷанни Инфантиноро ба муносибати дубора ба вазифаи президенти ФИФА интихоб шуданаш табрик гуфта, аз саҳми ӯ дар рушди футболи ҷаҳон ёдовар шуд.

Дар мулоқоти гарму дӯстона раисони Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Федератсияи байналмилалии футбол дурнамои ҳамкориҳои минбаъда, рушди имрӯзу ояндаи футболи Тоҷикистонро муфассал баррасӣ карданд.

Президенти ФИФА Ҷанни Инфантино ба президенти ФФТ Рустами Эмомалӣ барои истиқболи самимӣ изҳори сипос намуда, ба ӯ дар ҳама иқдомҳое, ки ба рушди футбол дар Тоҷикистон нигаронида шудаанд, комёбиҳо таманно намуд.