Президенти Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) ба Тоҷикистон омад

Ин мақоми баландпояро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе масъулини Федератсияи футболи кишвар ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Дар ҳошияи ин сафар қарор аст Ҷанни Инфантино бо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқот намояд. Ҳамчунин ӯ бо раҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон мулоқоти расмӣ доир карда, масъалаҳои рушди футбол дар кишварро баррасӣ менамоянд.

Президенти FIFA ҳамчунин дар Конгресси ҳаштуми Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ дар Душанбе ширкат хоҳад кард, ки зимни он маросими интихоби роҳбарияти нави CAFA (Конфедератсияи футболи Осиё) барои давраи чорсолаи баъдӣ сурат мегирад.

Ин аввалин сафари расмии Ҷанни Инфантино ба Тоҷикистон мебошад.