Ҳизби демократи Тоҷикистон номзади худро ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон кард

Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар анҷумани XVI- уми ғайринавбатии  Ҳизби демократи Тоҷикистон Раиси ҳизби мазкур, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидчаъфар Усмонозода номзад ба мақоми Президенти Чумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ  медиҳад, ки бо овоздиҳии  якдилонаи вакилони анҷуман, ки иборат аз 71 нафар буданд, Саидчаъфар Усмонзода номзад ба макоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шуд.

Дар анҷуман номбурда маъруза карда,  афзуд,ки ҳадафи асосии ҳизби мазкур рушди Тоҷикистон аст. Аз ин рӯ, дар барномаи пешазинтихоботии ҲДТ барои иштирок дар сабқати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои сиёсӣ, иктисоди, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, муносибатҳои байналмилалӣ ва амнияти миллӣ баррасӣ гардиданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *