25 апрели соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони “Тадқиқоти илмӣ оид ба таҳлили омилҳои хатари ба бемориҳои ғайрисироятӣ дар доираи “SТЕРS- 2023” мизи мудаввар баргузор гардидааст.
Ба иттилои Маркази матбуоти андурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Вазорати Ғафур Муҳсинзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ чорабинии мазкурро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки бемориҳои ғайрисироятӣ сабаби асосии марги бармаҳал ва бемориҳо дар минтақаи аврупоии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ мебошанд ва Ҳадафҳои Рушди Устувор (SDG) ҳадафи 3.4 то соли 2030 аз се як ҳиссаи коҳиш додани марги бармаҳал аз бемориҳои сироятӣ мебошанд.
Қайд гардидааст, ки айни ҳол дар кишвар «Стратегияи пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемориҳо ва ҷароҳатҳои ғайрисироятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2023» амалӣ гардида истодааст.
Мақсади Стратегияи мазкур таҳия ва татбиқи низоми фаъол ва муассири ҳамкориҳои байнисоҳавӣ мебошад, ки нақши пешгирӣ ва мубориза бо бемориҳои ғайрисироятӣ ва ҷароҳатҳоро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаро мегирад.