25 апрел дар шаҳри Душанбе, дар наздикии чорраҳаи Чорбоғ Роҳпаймоии VI байналмилалии “Корвони дӯстӣ” оғоз пазируфт. Ширкаткунандагони роҳпаймоии автомобилӣ, ки аз ҷониби Шӯрои байниҳукуматии роҳсозон (ШБР) ташкил карда шудааст, қаламрави панҷ давлат – Тоҷикистон, Узбекистон, Туркманистон, Эрон ва Арманистонро убур хоҳанд кард.
Дар ин бора Вазорати нақлиёт хабар додааст, ки роҳпаймоии VI байналмилалии автомобилӣ дар асоси қарорҳои Шӯрои байниҳукуматии роҳсозон, ки дар ҷаласаҳои 43-45-уми Шӯро аз 24 июни соли 2019 дар шаҳри Братиславаи Словакия, 10 сентябри соли 2020 дар шаҳри Саратови Русия ва 9 декабри соли 2022 дар шаҳри Москваи Русия қабул шудааст, инчунин тибқи Нақшаи чорабиниҳои тасдиқшудаи Шӯро барои соли 2023 гузаронида мешавад.
Роҳпаймоии автомобилӣ аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон- аз шаҳри Душанбе оғоз мегардад.Сипас, автомобилҳо дар масири Айнӣ — Панҷакент — марзи Тоҷикистон бо Узбекистон — Самарқанд — Навоӣ — Бухоро — марзи Узбекистон бо Туркманистон — Туркманобод — Мари — Ашқобод — марзи Туркманистон бо Эрон — Машҳад — Тӯс — Нишопур — Гургон — Сори — Теҳрон — Табриз – марзи Эрон бо Арманистон — Мегри — Капан – Ереван ҳаракат менамоянд. Тӯли умумии мусобиқаи байналмилалии автомобилӣ тақрибан 4000 километрро ташкил медиҳад.
Роҳпаймоӣ 10-уми май дар пойтахти Арманистн шаҳри Ереван ба поён мерасад.