Ёдоварӣ аз бартарафкунандагони садамаи Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил дар Душанбе

Ҳамасола дар кишвар 26 апрел “Рӯзи ёдбуди бартарафкунандагони садамаи Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил” баргузор мегардад. Бахшида ба ин рӯз дар Муассисаи давлатии осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо иштироки як зумра муҳассилини макотиби миёнаи шаҳри Панҷакент сайри осорхона ташкил ва гузаронида шуд.

Дар толори давраи шӯравии Муассисаи давлатии осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гӯшаи намоишие бо аксҳо ва маълумоти фишурда бахшида ба ин фоҷеа ба маъраз гузошта шудааст, ки бо ташабусси маъмурияти осорхона ба толибилмон ва омӯзгорони МТМУ №30- и шаҳри Панҷакент сайри осорхона ташкил ва гузаронида шуд. Тавре дар ин маврид Умар Ҷалолов, корманди илмии шуъбаи муосири осорхонаи болозикр дар суҳбат бо мо иброз дошт донистани таърих, далериву шуҷоати фарзандони Ватан барои хурду бузург ҷоиз аст.

Аз ин лиҳоз маъмурияти осорхона барои муаррифии таърихи аз сар гузаронидаи инсоният ҷалби наврасону ҷавононро ба манфиати кор дониста, оқибатҳои марговар ва таъсири манфии маводҳои атомиро ба ин муҳассилин фаҳмониданд. Умар Ҷалолов, корманди илмии шуъбаи муосири осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар идомаи суҳбат иброз дошт, ки мо ба хонандагон ҳамаи нозукиҳои ин ҳодисаро фаҳмонида таъкид кардем, ки муҳим аст, он корхонаҳое, ки ядрои атомиро дар фаъолияти худ истифода мекунанд, эҳтиёт шаванд. Ҳодисаи Чернобил бояд такрор нашавад.

Умар Ҷалолов корманди илмии шуъбаи муосири осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ баён дошт, ки беш аз 6000 фарзандони Тоҷикистон дар бартараф намудани оқибатҳои садамаи НБА «Чернобил» иштирок карданд, ки аз онҳо 28 нафарашон зодагони шаҳри Панҷакент мебошанд. Ба хотири гиромидошти заҳмати ин ашхос дар осорхона ҳамасола бо таҳияи барномаҳои гуногун дар мувофиқа бо Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ чорабиниҳо доир карда мешаванд. Дар соли аввали баргузории чорабиниҳо сокинону мактаббачагон дар баробари шиносои бо аксҳо ва маълумоти фишурда инчунин бо худи бартарафкунандагони садамаи НБА «Чернобил» шиносоӣ пайдо намуданд.

Ҳамзамон Умар Ҷалолов иброз дошт, ки имрӯз хонандагону омӯзгороне, ки ба осорхонаи мо ташриф оварда буданд, бо роҳбарии роҳбалади Осорхона аз гӯшаи намоишӣ дидан карда, таассуроти тоза ва маълумоту далелҳои ҷолибро барои худ гирифтанд. Ҳамсуҳбати мо афзуд, ки маъмурияти осорхона тасмим гирифтааст, ки дар солҳои баъдӣ низ ин иқдомро идома диҳад.
Ёдовар шудан зарур аст, ки дар шаби 26-уми апрели соли 1986 дар Чернобил фоҷеае ба вуқӯъ пайваста, ду таркиши ҳарорати дар энергоблоки 4-и нерӯгоҳи ҳастаии Чернобил рух дод, ки кулли ҷаҳонро ба изтироб овард. Бино ба иттилои расмӣ ҳоло дар қайди Ташкилоти ҷамъиятии «Иттифоқи маъюбони Чернобил»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон 1770 нафар қарор дошта, аз байни онҳо 1470 нафарашон маъюби гурӯҳҳои I, II, III мебошанд. Ҳамчунин, 3240 нафар кӯдак дар табобати диспансерӣ бо дарди ирсӣ қарор дошта, 259 оилаи бесаробонмондаи чернобилчиён ба қайд гирифта шудааст, ки давлату ҳукумати Тоҷикистон нисбати ин ашхос ғамхориҳои пайваста зоҳир менамояд.

Парвина Самандарзода

радиои “Тоҷикистон”