24 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар якчанд шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар марҳилаи сеюми татбиқи лоиҳаи “Таҷдиди қитъаи Қизил-қалъа Бохтар, идомаи роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар”, ки 9,2 километрро ташкил медиҳад, шинос шуданд.
Шоҳроҳи мазкур дар заминаи татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон бахусус раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ бунёд гардида, дар навбати аввал бештар аз 75 км роҳ, шуруъ аз шаҳри Душанбе то пули дарёи Вахш, воқеъ дар ноҳияи Хуросон таҷдиду навсозӣ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд.
Анҷоми тадбирҳои роҳсозӣ дар марҳилаи якум ва дуюм хеле хуб ба мушоҳида расида, сокинони вилояти Хатлон ва дигар меҳмонони тавассути ин роҳ сафаркунанда аз он истифода ва баҳрабардорӣ карда истодаанд.
Акнун дар марҳилаи навбатӣ бо дастгириҳои бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи лоиҳаи “Таҷдиди қитъаи Қизилқалъа-Бохтар, роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар” бо назардошти васеъкунии роҳ он дар чор хати ҳаракат дар муҳлати муайяншуда мавриди истифода қарор мегирад.
Дар сохтмони роҳи мазкур фармоишгари татбиқи лоиҳа Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати “СИ ТИ АЙ” ва пудратчӣ ширкати “ДАЙ НИППОН”-и кишвари Ҷопон корҳои босифати сохтмониро ба анҷом расонида истодаанд.
Муҳлати татбиқи лоиҳаи мазкур бештар аз 22 моҳро ташкил медиҳад. Сохтмончиён бо имконияти хуби маблағгузорӣ дар доираи амалишавии лоиҳаи мазкур, махсусан ёддошти тафоҳум ва созишномаҳои грантӣ бо маблағи умумии 3 миллиарду 349 миллион ени японӣ (тақрибан 31 миллиону 829 ҳазор доллари амрикоӣ) бунёди роҳро ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои стандарти ҷаҳонӣ мавриди истифода қарор хоҳанд дод.
Тавре иттилоъ доданд, паҳноии роҳ аз 24 то 26,5 метрро дар бар мегирад. Аз рӯйи тарҳи бунёди роҳ дар таҷдиду навсозии ин самти ҳаракат якчанд пул, гузаргоҳу роҳравҳои алоҳида барои пиёдагардон, хобондани қубурҳои қутрашон гуногун ба анҷом расонида мешавад.
Ба иттилои мутахассисони Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмонӣ бо маблағҳои пешбинишуда ҷараён гирифта, анҷоми корҳои бунёдӣ тибқи шартнома дар муҳлати муайян ба иҷро расонида мешавад.
Ҳадафи асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бунёди чунин роҳҳои хушсохту замонавӣ- ин беҳтар гардонидани хизматрасонии нақлиёт, интиқоли молу маҳсулоти гуногун аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба пойтахти мамлакат, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ дар давраи сохтмон ва беҳтар кардани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ арзёбӣ мешавад.
Дар ҷараёни амалишавии лоиҳаи бунёди роҳ садҳо нафар сокинони вилояти Хатлон бо шуғл фаро гирифта шуда, бо маоши баланд ҳавасманд гардонида мешаванд.
Дар таҷдиду бунёди роҳи мазкур 19 мутахассиси хориҷӣ ва 379 мутахассиси маҳаллӣ фаъолияти пурсамар доранд, ки ин 95 фоиз аз шумораи умумии кормандон аст.
Барои сифатнок ва дар муҳлати муайян ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ 83 техника ва механизми пуриқтидори сохтмонӣ ҷалб карда шудааст, ки аз ин шумора 32 воситаи нақлиётро мошинҳои калони борбардор, 6 экскватор ва дигар техникаҳои роҳсозӣ ташкил медиҳад.
Тавре ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, дар айни замон корҳои сохтмони роҳ хуб ҷараён дошта, аз рӯйи маълумоти мутахассисон, 172 ҳазору 375 метри мураббаъ қабати поёнии якуми роҳ, 111ҳазор метри мураббаъ қабати поёнии дуюм ба анҷом расонида шуда, 87 ҳазор метри мураббаъ қисмати болоӣ асфалт ва 83 ҳазор метри мураббаъ қабати дуюм низ асфалт гирифта шудааст.
Дар ду канори роҳ новаҳои обпарто, 18 қубури обгузар гузошта шуда, корҳои равшаннамоӣ дар 6 қитъа бо дарозии 1,4 км ба анҷом расонида шудааст.
Дар айни замон тибқи лоиҳаи сохтмонӣ пулҳои рақами 15 ва 16 ба охир расида, барои истифода омода карда шудааст.
Аз рӯйи маълумоти ниҳоӣ, корҳои сохтмонӣ дар масири мазкур то охири моҳи майи соли равон пурра ба анҷом расонида мешавад.
Аз рӯйи таъкиди Пешвои муаззами миллат, корҳои сохтмонӣ дар роҳи дорои аҳамияти байналмилалӣ бояд бо сатҳу сифати аъло ба итмом расида, садсолаҳо ба сокинон ва меҳмонон хизмат расонад.
Масири мазкур аз 4 хатти ҳаракат, ҳар кадоме иборат аз 3,5 метр ба ду самт бо пойдеворҳои бетонӣ қисмат карда шудааст.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо корҳои анҷомёфта ба меҳнату заҳмати мутахассисону коргарон баҳои баланд доданд.
Дар масофаи қитъаи Қизил-қалъа — Кӯшониён — Бохтар, ки 9,2км-ро дар бар мегирад, 2 пул, 8 истгоҳ, 16 қубури обгузар, 18 ҳазор метри мураббаъ роҳи пиёдагард ва гузоштани аломатҳои ишоравии ҳаракати роҳ дар қитъаҳои гуногуни он ба иҷро расонида мешавад.
Дар вусъати корҳои созандагӣ мутахассисони тоҷик дар ҳамкорӣ бо мутахассисони кишвари Ҷопон меҳнати босамар карда истодаанд.
Бунёди роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар ҳамкории иқтисодии минтақаи Осиёи Марказиро бештар намуда, Тоҷикистонро бо кишварҳои минтақа ва бандарҳои баҳрӣ пайваст мекунад.
Ин шоҳроҳ василаи хуб дар ҳамлу нақли молу маҳсулоти гуногун мегардад.