Ҷудокорони тоҷик пас аз ҷамъомади тамринӣ-таълимӣ дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия, ки бо дастгирии президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, муҳтарам Исмоил Маҳмадзоир аз 8-ум то 20-уми апрел идома кард, тамринҳоро дар шаҳри Душанбе идома медиҳанд.
Машқҳои дастаҷаъмӣ дар Душанбе бо ҷалби беш аз 50-варзишгар аз 24-апрел то 4-май ба нақша гирифта шудааст. Тамринҳо бо роҳбарии мутахассиси ҷопонӣ Тамура Тори ва мураббӣ Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар як рӯз ду маротиба доир мегардад.
Ҷамъомади таълимӣ-тамринӣ марҳилаи дигари омодагии тими мунтахаби ҷудои кишвар ба Чемпионати ҷаҳон-2023 ва Гран Прии Душанбе ба ҳисоб меравад.
Чемпионати ҷаҳонии ҷудо-2023 аз 7-ум то 14-уми май дар шаҳри Доҳаи Қатар ва Гран Прии Душанбе рӯзҳои 2-юм 4-уми июн баргузор хоҳад гардид.