Аз 30-юми апрел то 14-уми май дар пойтахти Ӯзбекистон шаҳри Тошканд Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни мардон доир мешавад.
Тибқи иттилои Ассотсиатсияи байналмилалии бокс (IBA) дар мусобиқа 640-варзишгар аз 140-кишвари ҷаҳон номнавис гардидаанд. Рақобатҳо аз рӯи 13-категорияи вазнӣ сурат мегирад.
Ба иттилои Федератсияи бокси Тоҷикистон, кишвари моро дар ин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ 13-варзишгар намояндагӣ мекунанд:
Дар вазни 48кг – Шафиев Меҳрон
Дар вазни 51кг – Ҳамидов Меҳроб
Дар вазни 54кг – Зоидов Меҳроҷ
Дар вазни 57кг – Воҳидов Асрор
Дар вазни 60кг – Муродзода Абубакр
Дар вазни 63,5кг – Усмонов Баҳодур
Дар вазни 67кг – Аҳадов Расул
Дар вазни 71кг – Маҳкамов Довуд
Дар вазни 75кг – Салимов Некрӯз
Дар вазни 80кг – Негматуллоев Шаббос
Дар вазни 86кг – Каримов Парвиз
Дар вазни 92кг – Болтаев Давлат
Дар вазни +92кг – Аброриддинов Муҳаммад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистонро дар ин сафар ноиби Президенти Федератсияи бокси Тоҷикистон Шаббос Негматуллоев, сармураббӣ Алӣ Бобоҷонов, мураббиён Хуршед Ҷӯраев, Рустам Музафаров ва Мирзо Шамсиев ҳамроҳӣ мекунанд.
Аз ҷониби IBA ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқа, барои ғолибон дар ҳамаи вазнҳо 200 000 доллари ИМА, ба барандагони медали нуқра 100 000 ва барандагони медали биринҷӣ 50 000 доллари ИМА тақдим карда мешавад. Фонди умумии ҷоизаҳо 5,2 миллион долларро ташкил медиҳад.