Оғози парвандаи ҷиноятӣ алайҳи чанд корманди Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологӣ

Агенти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аз боз шудани парванда бар зидди чанд корманди Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон хабар додааст.

Тавре манбаъ менависад, Шукурова Фирӯза Пулатовна дар вазифаи муҳосиби музди меҳнати Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда, дар асоси маслиҳати пешакӣ бо сариқтисодчӣ Худогуева Гулбаҳор Халифаевна ва муҳосиби молии муассисаи мазкур Мухамедрахимова Зебогул Мухамадиевна зимни фаъолияти кориашон бо истифода аз ваколати мансабӣ даст ба содир намудани ҷинояти қасдона задаанд.

Агенти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия шарҳ додааст, ки номбурдагон дар ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ, ведемостҳои тақсимоти музди меҳнат маълумотҳои таҳрифшударо ворид карда, дар маҷмӯъ маблағи умумии 1540703 сомониро беасос ба корти электронии собиқ кормадони муассиса ҳамчун музди меҳнат интиқол дода, пас аз ба таври нақдӣ гирифтани маблағи зикршуда онро ба пуррагӣ тасарруф намуданд.

Ба иттилои Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Шукурова Ф.П., Худогуева Г. Х. ва Мухамедрахимова З.М. бо моддаҳои 245 қисми 4 банди «б» ва 323 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакии он идома дорад.