Дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук дар бораи тамошои сайёраи Моҳ ва дигар ҷирмҳои осмонӣ ё астроэкскурсия дар Душанбе сару садоҳои зиёде давр мезаданд. Ҳама мегуфтанд, ки ин падида ройгон аст ва аз ҷониби як ҷавон роҳандозӣ гардидааст. Яке мегуфт: “Офарин. Парвиз!” Дигаре дар шарҳ менавишт: Ин иқдоми наҷиб аст. Ба ҳама тавсия медиҳам, тамошои моҳро”. Ҳамон вақту замон назди бинои Сирки давлатӣ пур аз одамоне шуда буд, ки барои тамошои сайёраи Моҳ дар гирди телескопи ин ҷавон ҳар бегоҳ ҷамъ мешуданд. Ин ҷавони навовар Парвизи Орзуқул аст, ки ба илми ситорашиносӣ ва ё нуҷум шавқ дораду бо ҳар комилшавии Моҳ телескопи худро дар ҳар нуктаи пойтахт мекушояд ва мардумро ба тамошои сайраи Моҳ ба таври ройгон даъват мекунад. Ӯ донишҷӯи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ аст. Ихтисосе, ки ӯ таҳсил мекунад, энергетика аст, аммо аз ҳисоби шавҷу рағбати зиёд доштан ба илми нуҷум ба фаъолияти астрономӣ машғул аст. Парвиз ҳамагӣ 22-сол дорад. Дар зер шакли мухтасари суҳбат бо ӯ пешниҳод мешавад.
Шумо дар нуқтаҳои мухталифи пойтахт бо телескопи худ астроэкскурсия ё экскурсияи астрономӣ ташкил кардаед, идеяи ташкил кардани астроэкскурсия дар Душанбе кай ба саратон омад? Ва оё ин маслиҳати касе буд ё ин ки идеяи худи шумо?
-Якчанд сол мешавад, ки ман нияти харидани телескопро доштам. Ва ниҳоят харида тавонистаму соли гузашта, 17-уми апрел аввалин маротиба экскурсияи астрономӣ ташкил кардам. Чунки вақте дар интернет дидам. Дар Аврупову Амрико астроном-ҳаваскорон телескопҳои худро ба кӯчаҳо мебароранду мардумро ба таври ройгон ба тамошои ҷирмҳои осмонӣ даъват мекунанд. Ва ба сари ман фикре омад, ки чаро мо ҳам ин чизро дар Тоҷикистон ташкил накунем ва аввалин шуда ин падидаро дар кишвар ман дар назди Сирки давлатӣ ташкил кардам.
Чаро барои гузаронидани экскурсияи астрономӣ маҳз назди Сирки давалтиро интихоб кардед?
-Медонед, асосан барои гузаронидани чунин экскурсия бояд гирду атрофи телескоп равшан набошад. Пайдо кардани чунин ҷойҳо дар Душанбе мушкил аст, чунки шабҳо ҳама нукоти шаҳр чароғон аст. Инчунин, майдони он нисбатан кушодтар аст ва барои гузаронидани ин амал онҷо қуллайтар аст. Чунки, дар он ҷо шабҳо мардум бисёр барои сару гашт меоянд ва ҷалби онҳо ба тамошои Моҳ имкони бештар дорад.
Муҳассили кадом донишгоҳ ва кадом ришта ҳастед?
–Асосан, ҳама фикр мекунанд, ки ман дар ягон донишгоҳи хориҷи кишвар таҳсил кардаам. Сабабш ин аст, ки дар мо астрономҳо нисбатан камтар ҳастанд. Аммо, ман дар риштаи энергетика, дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ ҳастам.
Илми ситорашиносӣ ва ё худ нуҷум бисёр ҷолибу шақовар аст ва аҳли башар ҳанӯз аз давраҳои ибтидоии умри худ дар бораи асрори коиноту ситораҳо кунҷкобӣ мекарданд. Аммо бисёре аз розҳои ниҳони он на ба ҳама маълум гардидаанд. Тассаввуроти мардуми деҳот дар бораи Моҳу ситораҳо ва дар умум ҳамаи ҷирмҳои осмонӣ камтар аст. Ташкили экскурсияи астрономӣ дар деҳот имкон дорад? Ва оё дар нақша доред, ки ин падидаро ба мардуми деҳот шинос намоед?
-Бисёр саволи бамавриде додед. Албатта, ман соли гузашта дар фасли тобистон телескопро ба зодгҳам, ки он ҷо ноҳияи Ашт аст, бурда экскурсия ташкил карда будам. Мушоҳида кардам, ки дар деҳот нисбат ба шаҳр ҷирмҳои осмонӣ хубтар дида мешаванд. Чунки дар он ҷо равшанӣ камтар аст ва коинотро бо тамоми шукӯҳу зебоияш дидан мумкин аст. Дар бораи фаҳиши мардум гӯем, бад нест. Қишри нисбатан ҷавонтар ва имрӯзитари деҳотҷойҳо дар бораи коинот тасаввуроти хуб доранд. Гарчанде, ки дар мактабҳо дар ин бора фанни алоҳидае ҳам нахонанд. Ман албатта, боз дар нақша дорам, ки ташкили чунин як иқдомро боз дар ноҳияҳо ба роҳ монам.
Дастгоҳи телескопро Шумо чӣ тавр ва аз куҷо дастрас кардед?Мегуфтед, ки дар ба даст овардани он ба шумо ягон мушкилие эҷод нагардид?
-Нархи телескоп гарон аст, аммо яке аз мушкили асосӣ ин пайдо кардани телескоп дар Тоҷикистон мебошад. Чунки, чунин мағозаҳо дар кишвар кам ҳастанд. Ман дар интернет боре дидам, ки як мард аз Федератсияи Русия ин телескопро барои фарзандонаш овардааст, аммо тарзи истифодабарии онро надонистаанду онро ба фурӯш гузоштаанд. Ман солҳои дароз барои харидани телескоп маблағ ҷамъ карда будам ва ниҳоят онро харидам.”
Гуфта метавонед, ки он чиқадар нарх дорад?
-Бале. Асосан нархи телескоп аз қутр, шакл ва касбӣ будан ё набудани он вобаста аст. Масалан, ҳастанд телескопҳое, ки танҳо ҳаваскорона ҳастанд ва барои истифодаи кӯдакон пешбинӣ шудаанд. Нархи онҳо тақрибан 500 долларро ташкил медиҳад.
Аввалин нафаре ҳастед, ки омӯзиши масоили асрори коинотро дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо забони тоҷикӣ роҳандозӣ кардед. Ин кор тавсияи кӣ буд? Натиҷаи он чӣ гуна аст? Таваҷҷӯҳи мардум нисбат ба нуҷум чигуна аст?
-Асосан ман ин идея дар вақти курси ду буданам ба сарам омода буд ва инро аввалин маротиба ҳамон сол ташкил када будам. Лекин, дар он фақат наворҳои омӯзишие, ки дарбаргирандаи мавзуҳои мухталиф буданд, яъне фақат дар бораи илми ситорашиносӣ набуд. Ин равандро соли гузашта, баъди харидани телескоп ва ташкили астро-экскурсия дар саҳифаи инстаграмм ва фейсбукам роҳандозӣ кардам. Дар аввал ростӣ, таваҷҷӯҳи мардум камтар буд. Лекин оҳиста-оҳиста сафи тамошогарони навроҳои омӯзишӣ зиёд гаштанд.
Парвиз, дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, ки тӯли чанд сол аст, баргузор мегарданд, иштирок кардааст ё не?
-Рости гап дар ягон озмун иштирок накардаам. Чунки, барои иштирок дар озмунҳо бояд дар бораи ҳамон як илм маълумоти назариявӣ ҳам дошта бошӣ, аммо, ман дар соҳаи астронмия ҳаваскор ҳастам ва ихтисосам энергетик аст.
Оё нақша доред, ки дар оянда ягон факултети астрономӣ таҳсил намоед?
-Бале, яке аз нақшаҳои асосии ман ин дар солҳои наздик ба ягон факултаи астронмӣ дохил шудану таҳсил кардан аст. Асосан, мо дар кишвар институтҳои астрофизикӣ ва ихтисосҳои астрономӣ дорем. Ва дар нақша дорам, ки дар наздиктарин фурсат, баъди хатми донишгоҳ боз таҳсиламро дар риштаи астрономия идома диҳам.
Сипоси бепоён
Суҳбаторо: Муҳаммад Маъруфзода