Агар савол чунин гузошта шавад, ки миллатро чӣ зинда медорад, аввалин ҷавоби бебаҳс, бешубҳа, ин аст: Забони модарӣ! Ва баъдан фарҳангу суннатҳову маънавиёти баланд. Ва агар пурсида шавад, ки миллатро кӣ зинда медорад, ҷавоби ягона ва мусаллам ин аст, ки халқ ва фарзандону пешвоёни фарзонаву нобиғаи он.
— Имрӯз, 15 апрел ба зодрӯзи бунёдгузори адабиёти навини тоҷик, нависанда, олим, академик ва нахустин Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон (1951—1954), Ходими хизматнишондодаи илми ҶШС Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон (1997), академики фахрии Академияи илмҳои ҶШС Узбекистон Устод Садриддин Айнӣ 145 сол (1878-1954) пур шуд.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон ва аҳли ҷамоати мамлакат бахшида ба 10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», аз ҷумла гуфта буданд: «Якчанд маротиба такрор ба такрор иброз доштам ва бори дигар таъкид менамоям, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ агар хоҳанд давлатеро аз байн бубаранд, аввал забон ва баъдан фарҳангашро нест мекунанд».
Дар тӯли таърихи гарону пурмоҷаро забони тоҷикӣ барои миллати тоҷик чун ҷавшани ҷисму ҷони ӯ хизмат кардааст. Гаронтарину шигифтангезтарин сангборону тирборони таърихро миллати мо ба шарофати ҳамин ҷавшани бегазанд, ҳамин сипари пойдор: забони модарӣ бардоштаву эмин мондааст. Сипаре, ки аз қавитарин нахҳои филузиву фӯлодии илму донишу адабу суннатҳои миллӣ гудохта шудааст. Забоне, ки Одамушшуаро устод Рӯдакӣ ба он бунёди қавии бадеият ва безаволӣ дод ва сарахбори шеъри форсӣ сохт; Ҳаким Фирдавсӣ онро забони ҷасорату шуҷоату ватандӯстӣ намуд; Носири Хусрав чун дурри гаронбаҳо шинохту бар пойи «хукон» нарехт; Мавлавӣ нардбони меъроҷи маънавиёти баланд кард; Синову Доробиву Берунӣ забони илму дониши бегазандаш намуданд; Умари Хайём ба он ҷилои қудсӣ дод; Саъдиву Ҳофизу Бедил ва дигар абармардони суханвар онро ба ҳадди нубувват расониданд.
Ин аст, ки дар марҳилаҳои пурхатар ва тақдирсози ҳар миллат фарзандони хирадманд, нобиғагони он аввалин коре, ки мекунанд, дар пуштибонӣ аз забону фарҳанги миллӣ мекунанд.
Дар остонаи эҳёи дубораи миллати тоҷик аз аввалин корҳое, ки карда шуд, қабули Қонуни забони тоҷикӣ ва аз аввалин иқдомҳои Ҳукумати Тоҷикистон забони давлатӣ эълон кардани забони тоҷикӣ ва таҷлили бошукуҳи ҷашни бузургдошти забони тоҷикӣ буд. Сипас, баъд аз ноил шудан ба Истиқлолии давлатӣ бо кӯшиши Пешвои миллат бунёди Ваҳдати миллӣ ва таҳкими он буд.
Агар имрӯз мо баъд аз беш аз сӣ соли соҳиби истиқлол шуданамон соҳиби обу замини худ, соҳиби муқаддасоти миллиамон ҳастем, ба шарофати ҳамин зербуни мустаҳкаму пойдор аст. Забони давлатӣ, муқаддасоти миллӣ, Ваҳдати миллӣ, худшиносии миллӣ, шинохти ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ба таърих ва бузургони миллат шоҳсутунҳои Тоҷикистони навин гардид.
Симои Устод Садриддин Айнӣ намои дурахшони фазилату хирад, адабу шуҷоат, илму дониш, фарҳангу маърифат аст, мисли ин ки дар ин симо чеҳраи воқеии тоҷик бо ҳама фарзонагӣ падидор омада, ӯ дар худ ҳама хуҷастагиҳои ин халқи хирадпеша, миллати некманиш, мардуми хайрхоҳу адабпарварро таҷассум намудааст.
Шахсияти Устод Айнӣ яке аз шоҳсутунҳоест, ки бинои маънавиёт, бинои ҳастии илму фарҳанги Тоҷикистони навинро нигоҳ дошт, то тавонад алайҳи боду буҳронҳои тунди замон пойдор бимонад. Устод Айнӣ шаъну шараф, нангу номуси тоҷикон аст. Ӯ худ шиносномаи таърихи миллати мост, шиносномае, ки дар он бо ҳарфҳои хонову зебои заррин навишта шудааст: ТОҶИК. Ӯ на фақат бо эҷодиёт, балки бо амалиёт: рафтору гуфтору навиштор, бо ҳузури мубораки худ кӣ будани тоҷиконро дар саҳнаҳои ҷаҳону замон нишон додааст. Устод Айниро таърихи миллат барои миллат офаридааст. Ӯ маҳсули хиради ҳазорсолаи мост. Агар шахсияти фавқулода, нубӯғи ӯ ва фидокории ҳамсафонаш намебуд, гумон аст, ки дар он солҳои буҳрону тӯфонҳои шадиду хонумонсӯзи таърихӣ ва замони тақдирсоз мо ҳувияту асолати миллиамонро ҳимоя ва нигаҳдорӣ карда метавонистем.
Оре, пайкараи миллати мо аз рехтаҳои таърих дар пайкари устод Айнӣ ба по хест, қомати худ, чеҳраи худро намудор сохт, албатта, фазандони наҷибу ҷоннисоре аз гӯшаҳои мухталифи ин сарзамини куҳанбум бархостанд, ки бе ҷоннисориҳо, бе фазилату шуҷоати онҳо имкон надошт ҳувияти тоҷикон пойдор бимонад. Аммо пайкараи маънавӣ, сутуни бинои ин ҳувият устод Айнӣ буд. Воқеан, навиштаҳои Устод Айнӣ шаҳодатномаи миллати мо гардид. Ӯ тоҷиконро «чун донаҳо аз заминҳо» ва «чун китоби кӯҳна аз вайронаҳо» (Бозор Собир) пайдо ва ҷамъ намуд.
Агар нек бингарем, Устод Айнӣ ва ҳамсафонаш заминаҳои худшиносии миллиро ҳанӯз дар ҳамон замон гузошта буданд, ки мо дар зербуни онҳо худшиносии миллиамонро бо ташаббусу сарварии Пешвои миллатамон нумӯву дурахши наву тоза дода, омили эҳёи тозаи Тоҷикистони соҳибистиқлол гардонидем.
Зиндагӣ ва корномаҳои Устод Айнӣ гувоҳи он аст, ки ҳастии як миллатро на фақат силоҳу зӯри бозу ва марзҳои мустаҳкаму сарбозонаш нигаҳ медоранд, балки хирад, фарҳанг, илму дониш ва маърифати баланд низ метавонад дар баробари силоҳ нигаҳдор ва пуштбони ҳувияти як халқ бошад.
Имрӯз ба гузашта, ба он замони тақдиросоз нигариста, мо сари таъзим ба пешгоҳи муқаддаси руҳи устод Айнӣ фуруд меоварем. Воқеан, оё чӣ гуна ӯ тавонистааст саҳми боризи худро қариб ба тамоми соҳаҳои маънавиёти мо гузорад? Чӣ сон ӯ тавонистааст худро пора-пора ба бунёду эҳёи ҳама соҳаҳои фарҳангу адабиёти мо бисупорад, чунон ки баъдан дар таҳкурсиҳои гузоштаи ӯ илму маърифату фарҳанги навини мо қомат афрозаду нумӯъ кунад? Устод Айнӣ воқеан қаҳрамон аст. Қаҳрамон метавонад қаҳрамони майдони ҷанг бошад, қаҳрамони саҳроҳои кишту кор бошад, аммо қаҳрамонии устод Айнӣ хеле баландтар аст, ӯ қаҳрамони ҷабҳаҳои бузурги эҳёи миллат, қаҳрамони ҷабҳаҳои худшиносии миллӣ, давлатдории навини тоҷикон, қаҳрамони корзори фазлу идрок ва илму адаб аст.
Забони навини тоҷикӣ яке аз рукнҳои давлатдории навини тоҷикон гардид. Устод Айнӣ чун яке аз зимомдорони рушди навини он бо навиштаву нигоштаҳояш ҳам аз ҷиҳати илмиву назариявӣ ва ҳам амалан ин забонро зинда дошт, ба меъёру талаботи таърихиву ҷаҳонӣ мувофиқ сохт. Сисилаи мақолаҳои илмиву публисистии ӯ дар бораи забони адабӣ, лаҳҷа ва шеваҳои забони тоҷикӣ, сабку услуби забони адибон, фарҳангнигорӣ ва истилоҳшиносӣ дар ин ҷода нақши бузурге бозидаанд. Мулоҳизаҳои устод доир ба забон дар рисолаву мақолаҳояш: «Дар атрофи забони форсӣ-тоҷикӣ», «Забони тоҷикӣ», «Ҷавоби ман» (дар бораи забони адабии тоҷик), «Мактуби кушод ба Пӯлод Толис», андешаҳои ҷолиби ӯ оид ба забони матбуот ва нақши он дар таҳкиму пешрафти забон, забони шеваҳо, матн ва луғатшиносӣ, таҳқиқи адабиёт – ин ҳама далели шуҷоати илмиву адабии Устод Айнӣ мебошанд, ки душвор аст бе онҳо дастовардҳои имрӯзаамонро дар соҳаи забони адабӣ тасаввур кунем.
Устод Айнӣ муҷассамаи ҷасорату ҷоннисорӣ дар он рӯзгори пурхатар алайҳи душманоне гардид, ки мавҷудияти миллати моро инкор карданӣ мешуданд. Ӯ бо далелҳои қавиву баҳснопазир чун бораи нангу номус ва шаъну эътибори миллат қомат афрохт, бо далелҳои асосноку илмӣ ва баҳснопазир ҳувияти тоҷикон, ҳастии қадимӣ ва фарҳагсолории онҳоро собит кард. «Намунаи адабиёти тоҷик»-и устод ҳамон шиносномаи гаронмояи миллати мо гардид, ки барои гузаштан аз сарҳадҳои сарбаста ва симхоргирифтаи таърих ба мо иҷозати убур дод.
Устод бунёдгузори адабиёти навини тоҷикон гардид, ки решаҳои ҳазоронсола дорад. Бунёдгузори насри навин, очерку публисистика, матншиносӣ, таърихнигорӣ, адабиётшиносӣ, нақди адабӣ, луғатшиносӣ, тарҷума.
Мояи ифтихору сарфарозии мост, ки Устод Айнӣ бунёдгузори шеъри ба исттилоҳ навини на фақат тоҷикӣ, балки тамоми қаламрави форсист. Зеро ӯ бо номи «Марши ҳурият» ҳанӯз соли 1918 чунин намунаи шеърро навишт ва соли 1919 интишор дод, ки панҷ сол пеш аз зуҳури шеъри «Афсона»-и Нимо Юшиҷ аст, ки бунёдгузори шеъри навини форсӣ ба ҳисоб меравад.
Устод Айниро метавон аз бунёдгузорони мактабу маорифи нав низ шинохт. Ӯ дар асари бадеии худ «Мактаби кӯҳна» тарзи қафомондаву хурофотии мактабдориву таълиму тарбияро мазаммат намуд, бо мақолаву рисолаҳои илмиаш: «Дар бораи адабиёт ва китобҳои дарсии тоҷикон», иштироки бевосита дар таълифи китобҳои дарсӣ ва дахолати фаъолона ба раванди таълиму тарбия саҳми намоёни худро дар эҳёи ин соҳа низ гузошт. Метавон ин номгӯро идома дод. Мавриде нест, соҳае нест, ки Устод Айнӣ дар таҳкусии бунёдии ҳастии маънавии тоҷикон- давлатдории навини он саҳми боризи худро нагузошта бошад. Он чизе, ки як халқро миллат мекунад, пеш аз ҳама, руҳияи миллӣ, маънавиёти миллист, ки яке аз бунёдгузорони воқеии ин маънавиёт дар замони эҳёи дубораи миллати тоҷик Устод Садриддин Айнӣ будааст.
Воқеан бузургонро бузургон зинда медоранд ва қаҳрамононро қаҳрамонон мешиносанд, фарзандони фарзонаву шоистаи Ватан муттакои ҳамдигаранд. Хирад ва фазилати Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хирад ва фазилати Устод Айниро шинохт ва қадрдонӣ кард. Маҳз бо ташаббусу иқдоми Эмомалӣ Раҳмон Устод Айнӣ аввалин Қаҳрамони Тоҷикистони соҳибистиқлол эълон гардид. Тамоми рукнҳои асосии бунёд ва худшиносии мо, ки аз ҷониби Пешвои миллат тарҳрезӣ шудаанд, гувоҳанд, ки Сарвари хирадпешаи ҷумҳурии мо, Ҳукумати Тоҷикистон маҳз ба илму адаб, фазлу дониш, суннатҳои баланди миллӣ, абармардони соҳибмаърифати миллат такя мекунанд.
Ва имрӯз соҳиби нуфузи байналмилалӣ, эътибору обрӯи ҷаҳонӣ гардидани Тоҷикистони азиз, ба гумони ман, пеш аз ҳама, дар он аст, ки Пешвои некниҳоди миллатамон, халқи тамаддунофар ва тамаддунпарвари мо аз домани некиву адолат доштаву қомат афрохтаву аз гиребони хираду фазилат сар баровардаанд.
Воқеан, Устод Айнӣ аз шахсиятҳои миллатсоз буда, дар бунёду эҳё ва таҳкими забони модарӣ ва суннатҳои миллии тоҷикӣ нақши мондагор дорад.
Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон,
ходими адабии АМИТ «Ховар»