Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Тоҷикистон дар мавриди муҳимтарин рӯйдодҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ва минтақа ва ҷаҳон маводи зиёди хабариву таҳлилӣ чоп кардаанд.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 13 апрел дар баробари ахбори расмӣ, мақолае бо номи “Мушкили деҳот. Аз чорводории бечарогоҳ то замин дории бечорво.” чоп кардааст. Муаллиф дар ин мақолаи таҳлилӣ аз тақсимоти ноодилонаи чарогоҳҳо дар бархе минтақаҳои Тоҷикистон интиқод карда навиштааст, ки дар баъзе ҷамоати деҳот ҳазорҳо хонавода ба сар мебаранду аксари чарогоҳ дар ихтиёри ду-се нафар қарор дорад.
Ин мушкилотро Сафаралӣ Назаров, директори “Трести чорво ва чарогоҳҳо”-и Вазорати кишоварзӣ, низ тасдиқ карда гуфтааст, дар ҳақиқат, ғасби чарогоҳҳо аз ҷониби баъзе шаҳрвандон ба назар мерасад, ки ин боиси маҳдудияти истифодаи чарогоҳҳо барои сокинони дигар мегардад.
Муаллиф таъкид кардааст, ки давлат садҳо гектар чарогоҳро бо мақсади рушди чорводорӣ, яъне истеҳсоли ширу гӯшти фаровон ба ихтиёри шаҳрвандон иҷора гузоштааст. Аммо касе аз соҳибони чарогоҳҳо намепурсад, ки онҳо баробари соҳиб шудан ба садҳо гектар чарогоҳ чӣ қадар чорвои босифат доранд? Ширу гӯшт истеҳсол мекунанд ё не?
Муаллиф хулоса кардааст, ки агар маҳсулнокии чарогоҳҳо дар чунин вазъ, яъне на фоидаи иқтисодӣ ба давлат ва на истеҳсолу тақсимоти дуруст қарор дорад, пас вақти он нарасидааст, ки онҳо пурра дар тавозуни идораи давлатӣ бошанд ва сокинон бо меъёри муайян заминро солона ба иҷора гирифта, аз сари ҳар чорво андози давлатӣ супоранд?
Нашрияи “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 11 апрел мақолае зери унвони “Шаҳри Ваҳдат. Фармони 622 иҷро намешавад. Чаро?” чоп карда, аз бетаваҷҷуҳии мақомоти иҷроияи шаҳри Ваҳдат ба матолиби танқидиву таҳлилӣ ибрози нигаронӣ кардааст.
Ба навиштаи муаллиф, танҳо дар се моҳи аввали соли ҷорӣ дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» ду матлаб ба нашр расидааст, ки роҳбарияти шаҳри Ваҳдатро мебоист ба он вокуниш нишон диҳад.
Дар гузашта низ ба гуфтаи муаллиф матолиби зиёди таҳлиливу танқидӣ оид ба фаъолияти соҳаҳои гуногуни шаҳри Ваҳдат ба нашр расида буданд, ки бидуни вокуниш монданд. Аз сӯи дигар таъкид мешавад, таҳлилҳо нишон доданд, ки аксарияти камбудиҳои дар маводҳо зикршуда низ ҳалли худро наёфтаанд.
Муаллиф дар хулоса тазаккур додааст, ки ба назар мерасад, дар шаҳри Ваҳдат ба масъалаи мавриди назар умуман аҳамият намедиҳанд, ки ин аз хунукназарӣ ба матолиби ВАО дарак медиҳад. Аз сӯи дигар чунин шеваи муносибати роҳбарияти собиқ ва нави шаҳри Ваҳдат ба воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла «Ҷумҳурият», ин хунукназарӣ дар иҷрои Фармони рақами 622- и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 12 апрел хабар додааст, ки дар ҷаласаи ахири Маҷлиси намояндагон чор созишномаву ёддошти тафоҳум баррасӣ ва тасвиб шуд. Ба навиштаи ин рӯзнома, вакилони парлумон нахуст Созишнома байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Қазоқистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо бемории силро муҳокима ва тасидиқ карданд.
Дар ҷаласаи парулмон зикр шуд, ки созишномаи мазкур имконият медиҳад, то тарафҳо аҳамияти ҳамкориро дар пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ байни ҳар ду кишвар, ки ба аҳолии давлатҳои тарафҳо хатари калон дорад, ба эътибор гирифта, дар ин самт иқдомоти муштарак ба роҳ монанд.
Дар ин ҷаласаи парлумон инчунин созишномаи кумаки техникӣ байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, санади қатъи амали протокол байни давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар бораи канорагирӣ аз андозбандии дукарата аз даромад ва моликият аз соли 1992 ва Ёддошти тафоҳум байни Прокуратураи генералии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи муқовимат бо терроризм, маблағгузории он, ва қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, баррасӣ ва тасвиб шуданд.
Нашрияи “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 12 апрел мақолае таҳти унвони “2022 – соли эътирофи ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон” ба нашр расонида, таъкид кардааст, ки Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун давлати ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иқлим эътироф шудааст. Аз ҷумла соли 2022 аз он хотир барои мардуми шарафманди тоҷик хотирнишон аст, ки ибтикори панҷуми Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳо бо ҷонибдории аксари кулли кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид.
Дар баробари ин ба гуфтаи муаллиф дар соли 2022 дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе корҳои ободониву бунёдкорӣ бомаром идома ёфта, дар ин сол нисбат ба соли 2021 дар пойтахт ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 110 фоиз, гардиши савдо — 109, хизматрасонии пулакӣ — 126, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 103 фоиз, гардиши савдои хориҷӣ 2 баробар, боркашонӣ 1,7 баробар ва мусофиркашонӣ 109 фоиз афзоиш ёфт.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 12 апрел бо нашри матлабе масъалаи дастгирии давлатӣ барои рушди бахши хусусӣ дар кишварро баррасӣ кардааст. Муаллиф ёдовар шудааст, ки Ҳукумати Тоҷикистон дар доираи барномаи давлатӣ барои панҷ соли оянда ҷиҳати рушди бахши хусусӣ 113 млн. сомонӣ маблағ ҷудо мекунад.
Дар ин баробар муаллиф таъкид кардааст, ки айни замон мушкилоти асосии соҳибкории хӯрду миёна, раванди печидаи расмиёти таҳияи санадҳои лозима ва бақайдгирӣ дар мақомоти давлатӣ, сарбории андоз ва боҷҳои гумрукӣ ва назоратҳои бемавриди мақомоти дахлдор дониста мешавад. Инчунин ба навиштаи муаллиф коҳиши фоизи қарзҳои бонкӣ ва роҳандозии ҳарчӣ зудтари низоми ҳукумати электронӣ дар кишвар бидуни шак ба рушди бахши хусусӣ дар Тоҷикистон такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.
Нашрияи “Тоҷикистон” дар ин шумораи хеш мусоҳиба бо профессор Шариф Раҳимзода раҳбари Институти иқтисод ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар робита ба вазъи иқтисоди кишвар чоп кардааст. Профессор Шариф Раҳимзода дар бахше аз мусоҳибаи худ, аз истифодаи зиёди пули нақд дар муомилоти тиҷоратӣ дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардааст. Ба гуфтаи вай дар ҳоле аксари сокинон корти бонкӣ доранд, аммо онро танҳо барои гирифтани пул аз банкомат истифода карда, бештари харидро бо пули нақд анҷом медиҳанд. Дар ин замина Шариф Раҳимзода пешниҳод кардааст, ки Тоҷикистон оҳиста – оҳиста бояд аз бозорҳо даст кашида, рӯ ба марказҳои хӯрду бузурги тиҷоратӣ оварад.
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар сармақолаи шумораи рӯзи 13 апрел масъалаи коҳиши қурби сомонӣ дар баробари рубли русӣ дар моҳи апрелро баррасӣ кардааст. Ба навиштаи муаллиф арзиши 1000 рубли русӣ агар дар аввали моҳи апрел 140 сомонӣ буд, айни замон то 132 сомонӣ коҳиш ёфтааст. Ҳамзамон ба навиштаи муаллиф тайи як ҳафтаи охир қурби рубли русӣ низ дар баробари доллар пойин рафта, аз 77,3 рубл дар аввали моҳи апрел то ба 82 рубл барои як доллар дар рӯзи 12 апрел пойин рафтааст.
Зиёратшои Аҳмадшо
радиои “Тоҷикистон”