Рӯзҳои 11-ум ва 12-уми апрел бозиҳои аввали даври ¼ финали Лигаи Чемпионҳои Аврупо баргузор гардид, ки дастаҳои «Манчестер Сити» бо «Бавария», «Бенфика» бо «Интер», «Милан» бо «Наполи» ва «Реал Мадрид» бо «Челси» рақобат намуданд.
Дар доираи бозиҳои даври аввали марҳилаи ¼ ниҳоии Лигаи Чемпионҳо дастаҳои «Манчестер Сити» ва «Бавария» шаби 11-уми апрел бо ҳам рақобат намуданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи «Иттиҳод»-и шаҳри Манчестер доир шуда, бо ҳисоби 3:0 бар нафъи шогирдони Хосеп Гвардиола хотима ёфт. Шогирдони Томас Тухел ҳарчанд кӯшиш намуданд, ки ба рақиб имкон надиҳанд, лекин дар ҷараёни бозӣ «шањрињо», тавонистанд ҳисоби бозиро дар қисми аввали бозӣ боз кунанд. Родриго Эрнандес дар дақиқаи 27-уми рақобат бо як зарбаи дарвозакӯб дарвозаи «Бавария»-ро рахна кард. Дар қисмати дуюми бозӣ бошад дастпарварони Гвардиола ду голи дигар ба самар расониданд. Бернарду Силва дар дақиқаи 70-ум бо сар тӯбро вориди дарвозаи Зоммер намуд ва ҳисобро 2:0 кард. Беҳтарин нишонзани мавсими имсолаи Лигаи Чемпионҳои Аврупо – Эрлинг Ҳолланд дар дақиқаи 76-ум голи сеюми «шаҳриҳо»-ро ба самар расонида, ба ҳисоби бозӣ нуқта гузошт. Беҳтарин бозингари ин вохӯрӣ аз ҳайати дастаи «Манчестер Сити» – Родриго Эрнандес дониста шуд. Вохӯрии ҷавобии дастаҳо рӯзи 20-уми апрел дар Мюнхен доир мегардад.
Дар доираи бозиҳои дигари ин давр дастаҳои «Бенфика» ва «Интер» ба ҳам омаданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи «Эштадиу да Луж»-и шаҳри Лиссабон доир шуда, бо ҳисоби 0:2 ба суди меҳмонон ба поён расид. Ҳисоби бозиро дар дақиқаи 51-уми бозӣ Барелла боз карда, ҳамдастаҳояшро ба пеш баровард. То анҷоми вохӯрӣ футболбозони «Интер» бозияшонро беҳтар карданд ва тавонистанд, ки голи дуюмро вориди дарвозаи мизбонон кунанд. Жоао Марио дар дохили ҷаримагоҳ тӯбро бо дасташ бозӣ кард ва Лукаку аз пеналтӣ ҳисобро дуболо намуд. Беҳтарин бозингари вохӯрӣ аз ҳайати дастаи «Интер» – Алессандро Бастони дониста шуд. Вохӯрии ҷавобии дастаҳо рӯзи 20-уми апрел дар Милан доир мешавад.
Дар доираи бозиҳои даври аввали марҳилаи 1/4 финали Лигаи Чемпионхои Аврупо дар рӯзи 12-уми апрел дастаҳои «Милан» ва «Наполи» бо хам рақобат намуданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи «Ҷузеппе Меатса»-и шаҳри Милан доир шуда, бо ҳисоби минималии 1:0 бар суди мизбонон хотима ёфт. Голи ягонаи ин дидорро дар дақиқаи 40- уми бозӣ ниммуҳофизатгари алҷазоирӣ Исмоил Бенносир аз партофти головари Рафаэл Леау ба самар расонид. Дар дақиқаи 74-уми рақобат аз ҳайати «Наполи» Андре Замбо Антисса корти сурх гирифт ва аз майдон берун карда шуд.
Ҳамин тариқ бозӣ бо натиҷаи 1:0 бар суди дастпарварони Стефано Пиоли ба анҷом расид. Беҳтарин бозингари дидор аз ҳайати дастаи «Милан» – Браим Диас дониста шуд. Вохӯрии ҷавобии дастаҳо рӯзи 19-уми апрел дар Неапол баргузор мегардад.
Дар ин марҳила бозии дигар миёни бошгоҳи шоҳонаи «Реал Мадрид ва дастаи «Челси»-и шаҳри Лондон сурат гирифт. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгохи «Сантяго Бернабеу» -и шаҳри Мадрид доир шуда, бо ҳисоби 2:0 бар нафъи шогирдони Карло Анчелотти хотима ёфт.
Футболбозони шаҳри Мадрид бозиро хело хуб оғоз карданд ва дере нагузашта пешсафиро соҳиб шуданд. Дар дақиқаи 21-уми бозӣ пас аз партофти головари Винисиус Ҷуниор ҳамлагари фаронсавӣ Карим Бензема ҳисоби бозиро кушод. Бозингарони «Челси» низ чанд имконияти голзани доштанд, ки Жоау Феликс онҳоро ба нафъи даста истифода бурда натавонист.
Қисми дуюми бозӣ барои бозингарони «Челси» бад оғоз шуд, чунки дар дақиқаи 59-уми дидор пас аз қоидавайронкуни муқобили Родриго довар ба Бенҷамин Чилуэлл корти сурх нишон дод ва дар идома «ашрофзодаҳо» 10-нафара бозиро идома доданд.
Дар дақиқаи 71-уми бозӣ Марко Асенсио ба ҷои Родриго вориди майдон шуд ва пас аз 3-дақиқа голи дуюми бошгоҳи шоҳонаро ба самар расонид. Ин голи 9-уми Асенсио дар Лигаи Чемпионҳо буд, ки пас аз тағйиротҳо вориди майдон шуда, ба самар мерасонад. Ин натиҷаи Асенсио натиҷаи рекорди дар мусобиқаи мазкур маҳсуб мешавад. Беҳтарин бозингари вохӯрӣ аз ҳайати дастаи «Реал Мадрид Винисиус Ҷуниор дониста шуд. Вохӯрии ҷавобии дастаҳо рӯзи 19-уми апрел дар Лондон доир мешавад.