16 апрел, соати 09:00 дар Муассисаи давлатии Китобхонаи миллӣ таҳти унвони «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» Фестивали ҳунармандони Тоҷикистон ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор мегардад.
Тавре дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, фестивали мазкур бо мақсади иҷрои «Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид, анъана ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну солгардҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2023 тасдиқ шудааст, доир карда мешавад.
Дар Фестивали ҳунармандони Тоҷикистон ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва марказҳои таълимии Маркази таълими калонсолони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи ҳунарҳои мардумиро пешкаши сокинон ва меҳмонони пойтахт мегардонанд.
АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон