Дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирд таҳти унвони “Суботи сиёсӣ – омили таъмини рушди устувори кишвар дар шароити муосир” баргузор гардид

Имрӯз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирд таҳти унвони “Суботи сиёсӣ – омили таъмини рушди устувори кишвар дар шароити муосир” баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони масъули вазорату идораҳои дахлдорӣ давлатӣ, олимону коршиносони ниҳодҳои илмӣ – таҳлилӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва васоити ахбори омма ширкат варзиданд.

Дар мизи гирд масъалаҳои аз нигоҳи таҳлилгарони кишвар мубрам ва саривақтӣ, аз қабили “Суботи сиёсӣ ва таҳкими давлатдории тоҷикон”, “Вазъ ва дурнамои таъмини суботи сиёсии кишвар дар шароити зоҳиршавии таҳдиду хатарҳои замони муосир”, “Таъсири муборизаҳои геополитикии қудратҳои минтақа ва ҷаҳон ба суботи сиёсии Тоҷикистон”, “Фазои иттилоотӣ, амнияти иттилоотӣ ва таҳкими суботи сиёсии ҶТ” ва дигар масъалаҳои марбут, баррасӣ гардиданд. Дар мизи гирд гуфта шуд, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои интернетӣ, ки имрӯзҳо макони асосии ҷавонон шудааст, корҳои таблиғотӣ, тарғиби идеологияи радикалистӣ ва ғояҳои экстремистӣ анҷом дода шуда истодаанд ва ҳамаи инҳо ҳуҷум ба афкори ҷамъиятӣ мебошанд. Тавре муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ Сураҷ Чоршанбезода иброз дошт, боиси хушнудист, ки  ҷавонони мо имрӯз аз аҳдофу вазифаҳои ин гуна гурӯҳҳо ба хубӣ огаҳӣ доранд ва дарк мекунанд, ки ояндаи ин гуна афрод нек намебошад.

Масъалаи дигаре, ки дар мизи гирд баррасӣ гардид ин “омили динӣ дар суботи сиёсӣ” мебошад. Ба таъкиди корманди Маркази тадқиқоти стратегии кишвар Маъруф Абдуҷабборов  дар асри мо барои ба вуҷуд овардани бесуботии фикрию иҷтимоӣ ва дар ниҳоят барангехтани ихтилофу низоъ дар ҷомеаҳо беш аз ҳама шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаву расонаҳои электронӣ истифода мешаванд. Зеро, агар аз як тараф дастрасӣ ба онҳо сареътар ва паҳн кардани ҳар гуна мавод дар онҳо осонтар бошад, аз тарафи дигар, гурехтан аз масъулият ва паёмадҳои нашри матлаб дар онҳо роҳаттар аст.

Инчунин дар мизи гирд гуфта шуд, ки вазъи кунунии Афғонистон низ барои кишварҳои ҳамсоя нигаронкунанда боқӣ мемонад.  Зикр шуд, ки мутаассифона, таҳлилҳо далолат бар он мекунанд, ки нақшаи баъзе қудратҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ин кашидани норомиҳо ба дохили кишварҳои Осиёи Мрказӣ дар солҳои оянда аст. Мавриди зикр аст, ки дар фарҷоми ҳамоиш миёни сиёсатшиносону таҳлилгарони кишвар мубодилаи афкор сурат гирифта, дар робита ба маърӯзаҳои пешниҳодшуда натиҷаҳои дахлдор гирифта шуд.

Парвина Самандарзода,

радиои “Тоҷикистон”