Конфедератсияи футболи Осиё ба Федератсияи футболи Тоҷикистон барои бомуваффақият баргузор кардани даври аввали марҳилаи интихобии Бозиҳои олимпӣ-2024 байни дастаҳои занона дар гурўҳи «Е», ки аз 5-ум то 11-уми апрел дар шаҳри Ҳисор баргузор шуд, изҳори миннатдорӣ кард. Хабар медиҳад сомонаи расмии Федератсия футболи Тоҷикистон.
Дар мактуби расмии дабири кулли Конфедератсияи футболи Осиё Датук Сери Виндзор Ҷон, ки ба унвони дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон Фурқатҷон Аҳмедҷонов фиристода шуд, аз ҷумла омадааст:
«Федератсияи футболи Тоҷикистон ва кумитаи тадорукоти маҳаллиро барои бомуваффақият баргузор кардани даври аввали марҳилаи интихобии мусобикаи футболи занонаи Бозиҳои олимпӣ-2024 дар гурўҳи «Е» шодбош мегӯям.
Муваффақияти шумо ҳамчун мизбони ин марҳила бешубҳа аз меҳнат ва ҷидду ҷаҳди Федератсияи футболи Тоҷикистон ва кумитаи тадорукот дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани мусобиқа гувоҳӣ медиҳад.
Мо инчунин ба кумитаи тадорукот барои меҳмондории олӣ ба ҳайати Конфедератсияи футболи Осиё ва дастаҳои иштироккунанда изҳори сипос мекунем.
Умедворем, ки ҳамкориҳо бо Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ҳамин сатҳ идома меёбанд».