1 апрел Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт кормандони Комиссариати ҳарбии ноҳия ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳотро ҷиҳати фаъолияти хуб нишон додан дар маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихорномаҳои мақомоти иҷроия қадрдонӣ намуда, ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» додааст.
Дар ҷамъомади тантанавӣ иброз гардидааст, ки маҳз амалӣ гардонидани тадбирҳои судманд ва ба роҳ мондани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, анҷом додани мулоқоту суҳбатҳо бо насли ҷавон ва волидайни онҳо, баргузории Рӯзи дарҳои кушод дар қисмҳои ҳарбӣ ва дигар чорабиниҳои ҳадафманд имкон дод, ки ноҳияи Рашт маъракаи даъвати навбатии ҷавонон ба хизмати ҳарбиро пурра анҷом диҳад.