Хадамоти жолаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз партоби 13 мушаки зидди жола дар фазои боронии ноҳияҳои Ваҳдат, Турсунзода ва Ёвон дар шабонарӯзи гузашта хабар додааст.
Дар хабари КҲФ, гуфта мешавад, ки партоби ин миқдор мушак имкон дод аз 5 ҳодисаи резиши жола, ки метавонист саҳроҳои киштро фаро гирад ва ба кишоварзон зарар расонад, бартараф карда шуд.
Гуфтанист, ки ин аввалин хабари истифодаи мушакҳои зидди жола дар мавсими боронии соли ҷорӣ аз ҷониби Хадамоти зидди жолаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда мебошад.
Ҳадаф аз ин дар фазо табдил додани жола ба борон аст, то ба киштзори хоҷагиҳо зарар нарасонад.
Ҳамасола дар ин мавсим барои рафъи хатари жола садҳо мушак ба фазо партоб карда мешавад.