Лигаи футболи Тоҷикистон ба дастаҳои Лигаи олӣ либос тақдим намуд

Дар доираи дастгирии бошгоҳҳои Лигаи олӣ Лигаи футболи мамлакат барои дастаҳои асосӣ ва эҳтиётии бошгоҳҳо сару либоси варзишӣ тақдим кард. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» хабар медиҳад. 

Дар либосҳо рангҳои анъанавии нишонҳои ҳар даста ба назар гирифта шудааст. Маҷмуаи ҳар даста аз ду навъи либос барои дастаҳои асосӣ ва ҷавонон, инчунин намудҳои мухталифи танпӯшҳои варзишӣ, пироҳанҳои махсус барои тамрин, болопӯшҳо, пойафзол, сумкаҳои варзишӣ ва ғайра иборат аст.

Тамоми лавозимоти варзиширо ширкати испании «Joma» истеҳсол кардааст. Илова бар ин, ба ҳамаи бошгоҳҳои Лигаи олии Тоҷикистон тӯбҳои истеҳсоли ширкати «Molten» тақдим карда шуд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон