Имрӯз дар Душанбе ярмаркаи фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал оғоз гардид

Имрӯз дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал оғоз гардид.

Ярмаркаҳои мазкур дар асоси қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо мақсади фаровонии бозори истеъмолӣ ва ғанӣ гардонидани дастурхони сокинону меҳмонони пойтахт, инчунин  пешгирии болоравии нархи маводи озуқа доир карда мешавад.

Ярмаркаи фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал дар КВД «Бозори Меҳргон»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, буриши кӯчаҳои Ҳусейнзода ва Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Шоҳмансур (назди Кумитаи сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон), дар майдончаи назди бозори «Қарияи боло»-и ноҳияи Сино ва дар майдончаи назди КВД «Бозори Саховат»-и ноҳияи Фирдавсӣ ташкил карда мешавад.

Гуфта шуд, ки дар ярмаркаҳои мазкур, ки то 21 апрел идома меёбад, нархи картошка аз 4 то 4,5 сомонӣ, пиёз 5,5 сомонӣ, сабзӣ 4 сомонӣ, як литр равғани растанӣ 18 сомонӣ, шакар 9 сомонӣ, гӯшти гов 55 сомонӣ, гӯшти гӯсфанд 68 сомонӣ, биринҷ 10 сомонӣ, орди навъи 1-ум 260 сомонӣ муайян гардидааст. Дар ин ярмаркаҳо меваҷот ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ низ бо нархҳои дастрас пешкаши харидорони шаҳр гардонида мешавад.

Инчунин дар 15 нуқтаи сераҳолии шаҳри Душанбе ярмаркаҳои доимамалкунанда фаъолият менамоянд, ки дар онҳо маҳсулоти мавриди ниёзи аввал бо нархҳои нисбат ба бозор арзонтар пешкаши сокинону меҳмонони пойтахт гардонида мешавад. Ярмаркаҳои доимӣ ҳамарӯза  дар даромадгоҳҳои бозорҳои коммуналӣ ва хусусии пойтахт фаъолият мекунанд.

Бояд тазаккур дод, ки Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба раисони ноҳияҳои пойтахт супориш додаанд, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи шаҳр бобати дар сатҳи баланди ташкилию фарҳангӣ гузаронидани ин ярмаркаҳо, ҷойгир кардани ғуфра ва растаҳои савдо, ки ба талаботи муосир ҷавобгӯй мебошанд, тадбирҳои зарурӣ андешанд.