Баргузории Форуми сармоягузории Тоҷикистону Озарбойҷон

Рӯзи 4 апрели соли равон дар пешорӯйи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Форуми сармоягузории Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор гардид.

Ҳадаф аз баргузории Форум роҳандозӣ ва таҳкими ҳамкориҳо оид ба истифодаи имкониятҳои сармоягузорӣ лар соҳаҳои саноат, энергетика, сайёҳӣ ва рушди содирот буда, заминаи мусоиди тақвияти равобитро эҷод мекунад.

Форум бо суханони ифтитоҳии раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Саъдӣ Қодирзода ва муовини вазири иқтисоди Ҷумҳурии Озарбойҷон Саҳиб Мамедов оғоз гардид. Зимни суханронӣ таъкид карда шуд, ки соли 2022 гардиши савдо байни ин ду кишвар 6,2 млн.доллари амрикоиро ташкил долааст, ки рӯ ба афзоиш аст.

Имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон, соҳаҳои афзалиятноки ҳамкорӣ ба меҳмонон муаррифӣ гардид. Тахкид карда шуд, ки дарҳақиқат дар ин самт имкониятҳо истифоданашуда зиёданд.
Дар Форум беш аз 200 нафар намояндагон ширкат доштанд ва дар суҳбати рӯ ба рӯ ( В 2 В) тавонистанд масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ намоянд.

Ҷониби Озарбойҷон низ оид ба кишвари транзитӣ буданаш ва оид ба роҳи баҳрӣ доштанаш маълумоти хуберо пешниҳод намуд ва таъкид шуд, ки онҳо ба “энергияи сабз”-и Тоҷикистон таваҷҷуҳи бештар доранд. Ҳамчунин дар самти коркарди канданиҳои фоиданок имкони ҳамкорӣ бештар аст барои ҳарду кишвар.

Форуми сармоягузории Тоҷикистону Озарбойҷон то охири рӯз идома меёбад ва интизор аст дар анҷоми он созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо бирасанд.