Аз 7-ум то 9-уми апрел дар шаҳри Алматои Қазоқистон Ҷоми кушоди Осиё оид ба ҷудо миёни наврасону ҷавонон баргузор мешавад, ки дар он аз ҳисоби наврасон 274-варзишгар аз 10-кишвар ва миёни ҷавонон 283-варзишгар аз 9-давлат ширкат мекунанд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқот 13-ҷудочӣ муаррифӣ мекунанд.
Мусобиқа тибқи қоидаҳои Федератсияи байналмилалии ҷудо аз рӯи 16-вазн миёни наврасон (8-вазн миёни писарон, 8-вазн миёни духтарон) ва 14-вазн миёни ҷавонон (7-вазн писарон, 7-вазн духтарон) баргузор мешавад. Варзишгарони мо танҳо миёни писарон рақобат мекунанд.
Ҳайати дастаи наврасон ва ҷавонони Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар «Ҷоми Осиё»
Миёни наврасон
Вазни -50кг – Меҳроҷиддин Гадоев
Вазни -55кг – Лоиқ Қутбиддинов
Вазни -66кг – Ворис Назаров
Вазни -73кг – Аминҷон Абдуҷалилзода
Вазни -81кг – Исмоил Бурҳонов
Вазни -90кг – Баҳоваддин Сулаймонов
Вазни +90кг – Фараҳманд Устопиров
Миёни Ҷавонон
Вазни -60кг – Саъдӣ Маҳмадов
Вазни -73кг – Абубакр Шеров
Вазни -81кг – Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода
Вазни -81кг – Сайфиддин Сайфиддинзода
Вазни -90кг – Умедҷон Раҷабов
Вазни +100кг – Иброҳимҷон Элмуродов.