2 апрели соли 2023 кормандони Хадамоти консулии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия аз Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия воқеъ дар деҳаи Сахаровои шаҳри Москва боздид намуданд.
Дар ин бора Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия хабар дода, мегӯяд зимни мулоқот масоили марбут ба ҳуҷҷатгузорӣ ва зудтар ба Тоҷикистон фиристодани шаҳрвандони муваққатан боздоштгардида, инчунин шароити нигаҳдории онҳо дар ин муассиса мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳамчунин дар доираи боздид бо шаҳрвандони боздоштгардидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ анҷом ёфт. Ба шаҳрвандон доир ба тағйироту иловаҳои воридшуда ба қонунгузории кишвари иқомат дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ иттилоъ пешкаш гардида, ҷиҳати риояи қонунҳо ва саривақт барасмиятдарории ҳуҷҷатҳояшон тавсияҳои дахлдор дода шуд.
Ҳамзамон ба шаҳрвандони Тоҷикистон як миқдор маводи ғизоӣ ва дигар маҳсулоти мавриди ниёз тақдим гардидааст.
Ба иттилои манбаъ, боздид аз боздоштгоҳҳои муваққатии муҳоҷирон дар маркази таваҷҷуҳи Сафорат қарор дошта, пайваста ин иқдом анҷом дода мешавад.