Суҳбати телефонии Сироҷиддин Муҳриддин ва Муҳаммад Ҳаниф Атмар

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон 20 августи 2020 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Сарпарасти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ҳаниф Атмар суҳбати телефонӣ анҷом додааст.

Дар хабари ин Вазорат омадааст, ки ҷонибҳо вазъи минтақа ва Афғонистон, раванди сулҳ дар ин кишвар ва масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни ду кишвар ва нақшаҳо барои ояндаи наздикро баррасӣ намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *