Имрӯз Ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид. Дар ҷаласа лоиҳаи Қонуни ҶТ “Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ” ва лоиҳаи Қонуни ҶТ” Дар бораи ворид намудани тағийроту иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ” баррасӣ карда шуд.
Оид ба масъалаҳои мазкур муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Шодихон Ҷамшед ва вакилони Маҷлиси намояндагон Мансур Усмонзода ва Баҳриддин Зиёӣ баромад намуданд.
Ҳадафи асосии тағйирот дар қонун пешгирии қонуншиканӣ ҳангоми додани варақаи корношоямӣ, сарфакорона истифодабарии маблағҳои буҷетӣ мебошанд. Тибқи тағироти воридгардида агар кормандони муассисаҳои табобатию профилактикӣ беасос варақаи корношоямӣ ба шаҳрвандон бидиҳанд, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд. Дар ҳолати такроран рӯх додани ин ҳолат ҷаримапулӣ бештар мегардад.
Тибқи тағйироти қонуни дуюм илораҳои дахлдор бояд 12 намуди ҷубронпулиҳои иҷтимоиро сари вақт ба ниёзмандон пардохт намоянд, вагарна ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Ин чора низ бо мақсади ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон ва сарфаи маблағҳои буҷетӣ равона пеш гирифта мешавад.