29 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд ба фаъолияти корхонаи парандапарварии “Мурғи бебаҳо” ва сардхонаи замонавӣ оғози расмӣ бахшида, бо шароити кори он шинос шуданд.
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳудуди “Мурғи бебаҳо” дар доираи тантанаҳои ҷашни бошукуҳи Наврӯзи байналмилалӣ ва таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Аҳад Қодиров дар масоҳати беш аз 3 гектар бунёд гардида, дорои шароити муосири кору хизматрасонӣ мебошад.
Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иншооти нави парандапарварӣ дар масоҳати қариб 2 ҳазор метри мураббаъ бунёд шуда, дар муддати 45 шабонарӯз беш аз 30 ҳазор чӯҷа барои истеҳсоли гӯшти парҳезӣ омода карда мешавад.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани корхона 12 нафар сокини шаҳри Гулистон бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуд.
Дастгоҳу таҷҳизоти корхона ҷавобгӯи талаботи стандарти кишварҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ буда, ҳавои дохили иншоот бо истифода аз таҷҳизоти махсус мунтазам ва ба таври автоматӣ тоза нигоҳ дошта мешавад.
Корҳои сохтмонӣ дар иншоот соли 2019 оғоз гардида, дар он 25 нафар сокини маҳаллӣ ба кор ҷалб шуд.
Корхона имкон дорад, ки дар як сол дар ҳаҷми зиёда аз 300 тонна гӯшти мурғро барои коркард омода ва ба корхонаҳои истеҳсолӣ пешниҳод намояд.
Дар ҳамин ҷо ба Президенти мамлакат маҳсулоти корхона, аз қабили гӯшту тухм ва хӯроки паранда намоиш дода шуд.
Дар шафати корхонаи мазкур бо саҳми соҳибкор ҳамзамон бинои сардхона баъд аз навсозӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Иншоот барои захира ва нигоҳдории 3 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ва маҳсулоти гӯштӣ пешбинӣ шуда, дар ин замина 8 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардид.
Бинои сардхона дар масоҳати 768 метри муррабаъ ҷойгир буда, дар он барои муътадил нигоҳ доштани ҳавои дохили иншоот 7 таҷҳизоти замонавӣ насб гардидааст, ки ин тадбир ҷиҳати беталаф нигоҳ доштани дилхоҳ маҳсулоти зудвайроншаванда дар тамоми фасли сол мусоидат менамояд.
Мавриди тазаккур аст, ки иншоот дар ҳудуди шаҳри Гулистон аввалин буда, дар оянда дар доираи тадбирҳои созанда шумораи чунин сардхонаҳои замонавӣ афзун мегардад.