Шикасти тими мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона аз Қувайт

Шаби 28-уми март дар варзишгоҳи байналмилалии Ҷобир ал-Аҳмади шаҳри Қувайт бозии дӯстона миёни тими мунтахаби Тоҷикистон ва Қувайт баргузор гардид, ки бо натиҷаи 2:1 бар нафъи мизбонон хотима ёфт. Аз ҳайати мунтахаби футболбозони кишвар, голи ягонаро дар лаҳзаҳои охири рақобат Алишер Ҷалилов ба самар расонид.

Ин бозии дуюми дӯстонаи футболбозони кишвар дар моҳи март ба ҳисоб меравад. Дар бозии аввал рӯзи 25-март тими мунтахаби Тоҷикистон дар Абу-Дабӣ бо тими Аморати Муттаҳидаи Араб бо натиҷаи 0:0 мусовӣ карда буд.