Баргузории даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Кадбонуи беҳтарин” дар Душанбе

Имрӯз дар боғи ботаникии Душанбе “Ирам” даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Кадбонуи беҳтарин” баргузор гардид. Дар озмун аз тамоми қаламрави Тоҷикистон кадбонуҳо иштирок намуда, навъҳои гуногуни хӯрокҳои миллӣ ва миллии қадима, навъҳои гуногуни нону кулчаҳо ва шириниҳоро омода намуда, пешниҳоди ҳозирин гардониданд.

Дар озмуни ҷумҳуриявии “Кадбонуи беҳтарин” Матлубахон Сатториён, муовини Сарвазири кишвар, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва дигар вазорату кумитаҳо ба ҳайси довар иштирок карданд ва ба кадбонуҳои соҳибҳунар баҳои баланд доданд.

Дар оғози маросими ҷоизасупории озмун Матлубахон Сатториён, муовини Сарвазири мамлакат баромад карда, қайд намуд, ки бо дастгири ва ибтикорҳои бевоситаи Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон довоми 13 сол мешавад, ки дар доираи таҷлили бошукуҳи Наврӯзи байналмилалӣ, оинҳои нодири фарҳанги миллии кишварамон эҳё, тарғиб ва муаррифӣ карда мешаванд.

Бояд қайд намуд, ки баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Кадбонуи беҳтарин” имконият медиҳад, ки таъомҳои гуногуни миллӣ, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ аз баён рафта истодаанд, дубора эҳё карда шаванд. Аз тарафи дигар ин озмун метавонад, ки завқу таваҷҷуҳи бонувонро нисбат ба ҳунари кадбонугӣ зиёд гардонад ва дар пайдо кардани кадбонуҳои моҳир, мусоидат намояд. Ҳамин аст, ки имрӯз кадбонуҳо аз шаҳру вилоятҳои кишварамон ҷамъ омада, дастархони идона оростанд.

Дар анҷоми маросими ҷоизасупории озмуни ҷумҳуриявии “Кадбонуи беҳтарин” мақоми аввалро шаҳри Душанбе, дуюмро вилоятҳои Хатлон ва Суғду ВМК Бадахшон ва сеюмро шаҳри Мирзо Турсунзодаю ноҳияи Рашт ишғол намуданд. Ғолибон бо диплом ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд. Ҳамчунин барои иштироки фаъолона ва сахм гузоштан дар озмуни ҷумҳуриявии “Кадбонуи беҳтарин” ба ноҳияҳои Рудакӣ, Данғара, шаҳри Ҳисор, шаҳри Исфара, шаҳри Хуҷанд, намояндаи ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ ва як қатор вазорату кумитаҳо, сипосномаҳо тақдим карда шуд.

Сарвинози Сайдалӣ

радиои “Тоҷикистон”