Нимаи дуюми рӯзи 17-уми март дар қароргоҳи Иттиҳодияи Ассотсиатсияҳои футболи Аврупо дар шаҳри Нйони Швейтсария, чун анъана, қуръакашии охирини марҳилаҳои 1/4 ва 1/2 ниҳоии Лигаи Чемпионҳои Аврупо 2022-2023 баргузор гардид.
Дар марҳилаҳои чорякфинал ва нимфинал ҳеҷ гуна маҳдудият, аз ҷумла ҷудо кардани дастаҳо аз рӯи кишвар пешбинӣ нашудааст. Ин маънои онро дорад, ки клубҳои як Ассотсиатсия метавонанд дар даврҳои 1/4 финал ё 1/2 финал вохӯранд.
Аз рӯи қуръакашӣ қаҳрамони феълии мусобиқа бошгоҳи шоҳонаи «Реал Мадрид» ин мавсим ҳам рақиби дастаи «Челси» гардид. Дар ин марҳила «Интер» бо «Бенфика» рақобат мекунад. Бозии ҷолибтарин ва марказии ин давр ҷуфти дастаҳои «Манчестер Сити» ва «Бавария» ба ҳисоб меравад. Ҷуфти дигари даври 1/4 финал ду дастаи Итолявӣ – «Милан» ва «Наполи» мебошад, ки барои роҳ ёфтан ба даври баъдӣ мубориза мебаранд.
Бозиҳои аввали ин давр рӯзҳои 11-ум 12-уми апрел ва рақобатҳои ҷавобӣ, рӯзҳои 18-ум ва 19-уми апрел баргузор мешаванд.
Бояд қайд намоем, ки ғолиби ҷуфти «Реал Мадрид» / «Челси» бо ғолиби ҷуфти «Манчестер Сити» / «Бавария» дар даври нимфинали мусобиқа вомехӯранд.
Ғолиби ҷуфти «Интер» / «Бенфика» бошад бо ғолиби ҷуфти «Наполи» / «Милан» мубориза мебаранд.