Имрӯз, соати 11:00, дар «Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ»-и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши мамлакат бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи 4-уми байналмилалӣ оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» оғоз гардида рақобатҳои идома доранд.
Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ паҳлавонон аз 25 кишвари ҷаҳон ширкат доранд.
Ин 4-умин сабқати байналмилалии куштӣ миёни мардон ва бонувон барои дарёфти Ҷоми раиси шаҳри Душанбе мебошад.
Барои ғолибон дар мусобиқа маблағҳои калони пулӣ, аз ҷумла барои ҷойи якум 10 000$, ҷойи дуюм 7 000$ ва ҷойҳои сеюм 3 000$ муқаррар гардидааст.
Дар мусобиқа варзишгарон аз рӯи 5 вазн, аз ҷумла 65 кг, 71 кг, 78 кг, 86 кг ва +86 кг рақобат доранд.
Тоҷикистонро бошад дар ин мусобиқаи байналмилалӣ 30 паҳлавон муаррифӣ намуда истодаанд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи декабри соли гузашта гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) мақоми байналмилалӣ касб намуда буд. Ин дараҷаи байналмилалӣ дар Вазорати адлияи Швейтсария ба қайд гирифта шуда, гӯштини миллӣ соҳиби сертификати байналмилалӣ гардид, ки барои баргузории мусобиқаҳои байналмилалӣ аз рӯйи ин намудани варзиш заминаи мусоидро фароҳам меорад.