Имрӯз боғҳои фарҳангиву фароғатии Аҳмади Дониш ва Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар шаҳри Душанбе мизбони баргузории аксияи “Тоҷикона мепӯшем” буданд.
Ин чорабинӣ аз ҷониби бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе роҳандозӣ гардида, дар он донишҷӯйдухтарон аз Донишгоҳи миллӣ аграрӣ ва Донишгоҳи миллӣ, инчунин намояндагон аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат доштанд.
Мақсад аз ин иқдом арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ ва анъанаҳои неки аҷдодӣ, махсусан, либоси зебои миллӣ, атласу адрасу чакан, баланд бардоштани фарҳангу маданияти либоспушӣ, таблиғу ташвиқи либоси миллӣ, аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ гуфта мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дар асоси Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аксияи “Тоҷикона мепушем” дар тамоми гӯшаву канори кишвар ҷараён дорад.
Наҷибуллои Ҳомидҷон
радиои “Тоҷикистон”