Ғолибони озмуни «Кадбонуи беҳтарин» дар шаҳри Турсунзода муайян гардид

Бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз даври шаҳрии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» дар шаҳри Турсунзода баргузор гардид

Тавре МИҲД Турсунзода хабар медиҳад, ин озмун 8 нафар бонуи дар даври аввал ғолибомада иштирок намуданд. Ҳадафи асосии ташкил ва баргузории озмуни мазкур ҳавасмандгардонӣ ва ҷалби кадбонуҳо, занони соҳибзавқ ва ҳунармандони моҳир, эҳёи таомҳои милливу маҳаллии азбайнрафта ва ривоҷ додани пухтупази таомҳои миллӣ, омода намудани духтарон ба ҳаёти мустақилона, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, зиёд намудани ҷойҳои кории нав, ошноӣ ба таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллӣ мебошад.

Ба иттилои манбаъ, аз ҷониби ҳайати комиссияи озмун ба ҳунари пазандагони моҳир баҳогузорӣ ва беҳтаринҳо муайян карда шуда, бо сипосномаҳои раиси шаҳри Турсунзода сарфароз гардиданд.
Ҷойи якум насиби корманди филиали БДА “Амонатбонк” дар шаҳри Турсунзода Гулшан Холова, ҷойи дуюмро намояндаи Ҷамоати деҳоти Қаратоғ ва ҷойи сеюмро намояндаи Ҷамоати деҳоти ба номи Турсун Тӯйчиев ишғол намуданд.