Дар шаҳр Душанбе барои таҷлили Иди Наврӯзи байналмилалӣ мусобиқаи байналмилалии гӯштини миллӣ баргузор мешавад.
Ин мусобиқа мақоми байналмилалӣ дошта, дар паҳлавонон аз 25 кишвари ҷаҳон метавонанд ширкат кунанд.
Ин мусобиқаи байналмилалӣ 19 март, соати 11:00 дар “Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ”-и шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Ин 4-умин сабқати байналмилалии куштӣ миёни мардон ва бонувон барои дарёфти Ҷоми раиси шаҳри Душанбе мебошад.
Ғолибонро дар мусобиқа маблағҳои калони пулӣ, аз ҷумла барои ҷойи якум 10 000$, ҷойи дуюм 7 000$ ва ҷойҳои сеюм 3 000$ муқаррар гардидааст, хабар медиҳад, АМИТ “Ховар”.
Гуфта мешавад, ки дар мусобиқа варзишгарон аз рӯи 5 вазн, аз ҷумла 65 кг, 71 кг, 78 кг, 86 кг ва +86 кг рақобат менамоянд.
Тоҷикистонро бошад дар ин мусобиқаи байналмилалӣ 30 паҳлавон муаррифӣ менамояд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи декабри соли гузашта гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) мақоми байналмилалӣ касб намуда буд. Ин дараҷаи байналмилалӣ дар Вазорати адлияи Швейтсария ба қайд гирифта шуда, гӯштини миллӣ соҳиби сертификати байналмилалӣ гардид, ки барои баргузории мусобиқаҳои байналмилалӣ аз рӯйи ин намудани варзиш заминаи мусоидро фароҳам меорад.