Тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) ҷиҳати иштирок дар машқҳои дастаҷамъӣ ба Арабистони Саудӣ сафар кард

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) зери роҳбарии Раҳматулло Фузайлов имрӯз, 15-уми март ҷиҳати иштирок ба тамринҳои дастаҷамъии дуҳафтаина ба шаҳри Даммами Арабистони Саудӣ сафар кард.

Барои иштирок дар ин ҷамъомади таълимиву тамринӣ, ки то 30-юми март баргузор мешавад, сармураббии мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) Раҳматулло Фузайлов 27-бозигар, аз ҷумла 3-дарвозабон, 6-ҳимоятгар, 13-нимҳимоятгар ва 5-ҳамлагарро даъват кардааст. Дар машқҳои дастаҷамъонаи Арабистони Саудӣ наврасони кишвар чор бозии санҷишӣ анҷом медиҳанд.

Бояд қайд намоем, ки ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Даммам як марҳилаи омодагии мунтахаби Тоҷикистон (U-17) ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 ба ҳисоб меравад. Ҷоми Осиё аз 15-июн то 2-июл дар Тайланд баргузор мешавад.