Аз ҷониби бахши кор бо занон ва духтарони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷиҳати арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ ва анъанаҳои неки аҷдодӣ, махсусан, либоси зебои миллӣ, атласу адрасу чакан, баланд бардоштани фарҳангу маданияти либоспушӣ, таблиғу ташвиқи либоси миллӣ , аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ дар байни донишҷудухтарони факултетҳои Донишгоҳ аксияи “Тоҷикона мепушем” роҳандозӣ гардид.
Ёдовар мешавем, ки дар асоси Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳо ва ниҳодҳо давлатию ғайридавлатӣ баргузуории силсислаи чорабиниҳо таҳти унвони “Тоҷикона мепушем” ҷараён дорад.