Дар асоси дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалинамоии иқдоми созандагию бунёдкории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе зери унвони аксияи “Тозагии соҳил” имрӯз 17 марти соли 2023 багузор гардид.
Дар ин аксия бештар аз 300 нафар устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон соҳили дарёи Душанберо дар масофаи аз пули роҳи оҳан то пули назди болои дарёи Душанбе дар хиёбони Исмоили Сомонӣ аз партовҳо покиза намуданд.
Гуфта шуд, ки ин иқдом то интиҳои моҳи майи соли ҷорӣ амалӣ карда мешавад.