3 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти мамлакат якчанд бинои таъйиноти гуногунро ифтитоҳ карда, ба бунёди дигар иншооти дорои аҳамияти стратегӣ оғоз бахшиданд.
Аз ҷумла, дар доираи сафари кории Президенти мамлакат дар шаҳри Душанбе Раёсати дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Муассисаи таҳсилоти умумии ғайридавлатии “Мактаби ҷаҳон”, Литсейи равияи табиию риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, бинои нави маъмурии Нозироти андоз дар ноҳияи Сино мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои оғози навсозии роҳ аз хиёбони Саъдӣ Шерозӣ то даромадгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ санги асос гузоштанд.
Бояд гуфт, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи рушду пешрафти соҳаи пешбарандаи ҷомеа — маориф тамоми имконияту шароити муосирро таъмин намуд.
Муассисаи таҳсилоти умумии ғайридавлатии “Мактаби ҷаҳон” бо кӯдакистон барои 560 нафар ва Литсейи равияи табиию риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки барои 1280 нафар хонанда пешбинӣ гардидааст, яке аз иқдомҳои шоистаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар самти рушди маориф, тарбияи дурусти хонандагон дар руҳияи ватандӯстӣ, аз бар кардани нозукиҳои технологияи компютерӣ, соҳибкасб шудан ва омӯзондани забонҳои хориҷӣ мебошад.
Зимни суҳбат бо омӯзгорон ва роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти аз ҷониби Ҳукумати мамлакат таъмин кардани шароиту имконияти муосири таълим Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи масъулини соҳаро ба беҳдошти сифати таълиму тарбияи хонандагон, истифодаи самараноки иншооти муосири соҳа, ҳавасманд сохтани толибилмон ба китобхонӣ, ҳидоят кардани онҳо ба озмунҳои фаннӣ ва ҳунаромӯзӣ ҷалб карданд.
Мавриди тазаккур аст, ки Муассисаи таҳсилоти умумии ғайридавлатии “Мактаби ҷаҳон” ва Литсейи равияи табиию риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкорони ватандӯсту ватанпарвар дар доираи дастгирии ҳамешагии давлату Ҳукумат аз соҳибкории хурду миёна ва бахши хусусӣ бунёд гардидааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорон барои бунёди иншооти муосир ва ҷонибдории сиёсати созандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат изҳори сипос намуда, иқдоми онҳоро намунаи ибрат ва шоистаи пайравӣ арзёбӣ карданд.
Зимни ифтитоҳи бинои нави маъмурии Нозироти андоз дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида дар он Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарият ва кормандон ҷиҳати боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба андозсупорандагон дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баъди шиносоӣ бо лоиҳаи навсозии роҳ аз хиёбони Саъдӣ Шерозӣ то даромадгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ, ки дар асоси нақшаи генералии шаҳри Душанбе сурат гирифта, барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт, дучарха ва пиёдагардон мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ шароит фароҳам меорад, ба оғози корҳои сохтмонӣ санги асос гузоштанд.
Дарозии роҳ 6,6 километрро ташкил намуда, аз ду самт барои воситаҳои нақлиёт 8 хати ҳаракат сохта мешавад. Дар қисматҳои алоҳидаи роҳ ду хатти алоҳидаи дигар барои нақлиёти ҷамъиятӣ пешбинӣ шудааст. Ҳамзамон дар оянда 5 роҳи дусатҳа мутобиқ ба талаботи ҷаҳонӣ сохта мешавад. Роҳҳои дусатҳа дар буриши кӯчаи Соҳилӣ бо Ҷанубӣ бо сохтани пӯл дар болои дарёи Душанбе, дар буриши кӯчаи Абдураҳмони Ҷомӣ бо кӯчаи Қаҳҳоров, дар буриши кӯчаи Абай бо Қаҳҳоров, дар буриши хиёбони Саъдӣ Шерозӣ бо Ҳофизи Шерозӣ ва гузаргоҳи дусатҳа бо пӯл дар буриши кӯчаи Ҳабибулло Назаров бо Шерализода сохта ба истифода дода мешавад.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ аз иқдомҳои Раиси шаҳри Душанбе дар самти бунёди роҳу пул ва гузаргоҳҳои замонавӣ коргарону мутахассисонро барои иҷрои саривақтию босифати корҳо вазифадор намуданд.
Президенти мамлакат таваҷҷуҳи коргарону мутахссисонро ба иҷрои босифати корҳо ҷалб намуда, супориш доданд, ки роҳ дар муҳлати 2,5 сол мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ сохта, ба истифода дода шавад.
Навсозии кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров бо сохти меъморӣ, имконияти васеи хизматрасонӣ ва зебоӣ дар Тоҷикистон дар доираи иқдомҳои шаҳрдорӣ ҷиҳати иҷрои супориши Роҳбари давлат барои ба шаҳри пешрафта табдил додани пойтахти мамлакат амалӣ мешавад.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди роҳ, пул ва гузаргоҳҳои дусатҳаи замонавиро дар шаҳри Душанбе намунаи асосии амалишавии нақшаҳои Ҳукумати мамлакат аз ҷониби шаҳрдорӣ ҷиҳати пурра раҳоӣ бахшидани Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ арзёбӣ карданд.
Зимни суҳбат дар расми оғози навсозии роҳ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз имкони мусоид ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати вусъати тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ, беҳдошти намои манзилҳои истиқоматӣ ва иншооти маъмурӣ дар пойтахт, сабзу хуррамгардонии муҳити зист, мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ бунёд кардани кӯчаву хиёбонҳои шаҳр ва дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани Ҷашни байналмилалии Наврӯз дастуру ҳидоятҳо доданд.
Аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин супоришҳо ва дастурҳои дигар, аз қабили ба роҳ мондани корҳои созандагӣ, истиқболи сазовори ҷашни 35 — солагии Истиқлоли давлатӣ, тозаю озода нигоҳ доштани шаҳраку деҳот ва кӯчаю маҳал дар шаҳру ноҳияҳо, вусъати кишту кори баҳорӣ, истифодаи самараноки ҳар қитъа замин, хусусан заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ, истеҳсолу захираи кофии маводи озуқа, идомаи анъанаи накуи аҷдодон — бунёдкорӣ, тоза кардани манзили зист, аз ҳозир тайёрӣ ба маъракаи зимистонгузаронӣ дар иншооти тамоми соҳаҳо, таҷлили ҷашнҳои миллӣ дар сатҳи баланди тадорукотӣ ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи шаҳру ноҳияҳои мамлакат дода шуд.