Мунтахаби футболи Тоҷикистон дар аввалин Чемпионати CAFA иштирок мекунад

Аз 9-ум то 21-уми июни соли 2023 аввалин мусобиқа дар таърихи Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) бо иштироки тимҳои миллии мардона баргузор мешавад.

Дар мусобиқаи мазкур 6-созмони аъзои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон иштирокашонро дар Чемпионати CAFA-2023 байни дастаҳои миллӣ тасдиқ намуданд. Тими мунтахаби футболи Русия низ дар ин мусобиқа ширкат хоҳад кард. Инчунин Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ яке аз дастаҳои Осиёро барои ширкат дар мусобиқаи нав даъват мекунад.

Аз рӯи нақша пас аз натиҷаи қуръакашии мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ 8-даста ба ду гурӯҳ тақсим мешавад. Бозиҳо аз рӯйи системаи даврӣ дар як марҳила баргузор мегарданд. Сипас, ғолибони гурӯҳҳо дар финал вомехӯранд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳашон ҷойи дуюмро ба даст меоранд, барои зинаи сеюми мусобиқа мубориза мебаранд.

Барои дастпарварони мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт ширкат дар чемпионати CAFA-2023 яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 ба ҳисоб меравад, ки аз 12-январ то 10-феврали соли 2024 дар Қатар баргузор мешавад.