Дар сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон маркази тиҷоратию логистикӣ бунёд мешавад

13 марти соли 2023 ҳайати вилояти Суғд бо роҳбарии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар карда, дар маросими оғози сохтмони Маркази тиҷоратию логистикии “Андархон” иштирок намудааст.

Дар ин бора маркази Матбуоти раиси вилояти Суғд хабар дода, илова мекунад. ки зимни суханронӣ раисони вилоятҳо аз таҳкими муносибатҳои иқтисодӣ ва дӯстона изҳори қаноатмандӣ намуда, онро самараи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев арзёбӣ карданд.

Ба иттилои манбаъ, дар маросими оғози корҳои сохтмонӣ ҳамзамон ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, соҳибкорону тоҷирони вилоятҳо иштирок намудаанд.

Гуфта мешавад, роҳбарони вилоятҳо ҳамзамон фарорасии Наврӯзи байналмилалро ба халқҳои тоҷику ӯзбек табрик гуфта, изҳори боварӣ намуданд, ки Маркази тиҷоратию логистикии “Андархон” дар афзоиши мубодилаи молу маҳсулот мусоидат менамояд.

Ёдовар мешавем, ки Маркази тиҷоратию логистикии “Андархон” дар масоҳати 5 гектар бунёд гардида, дар он 200 дӯконҳои савдо, банк, ошхона ва қаҳвахона, меҳмонхона, маркази логистикӣ ҷойгир карда хоҳад шуд. Бо фаъол шудани марказ дар он маҳсулоти дар корхонаҳои ду вилоят истеҳсолшаванда ба фурӯш бароварда мешавад.