Дар назди Прокуратураи генералӣ Маркази ягонаи иттилоотӣ таъсис дода мешавад

Ҷиҳати пешгирӣ намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистиву террористӣ ва ҷиноятҳое, ки бо истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ содир карда мешаванд, дар назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази ягонаи иттилоотӣ таъсис дода мешавад, ки сохтори он дар раванди таҳияшавист. Дар ин хусус Сардори Раёсати байналмилалии Прокуратураи генералӣ Манучеҳр Маҳмудзода ба АМИТ “Ховар” иттилоъ додааст.

Ба гуфтаи мавсуф, дар айни ҳол корҳои омодагӣ идома дошта, дар мувофиқа бо Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар вазорату идораҳо масъалаи таъсиси Маркази ягонаи иттилоотӣ дар назди Прокуратураи генералӣ баррасӣ шуда истодааст. Рӯзҳои наздик ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳоди мушаххас вобаста ба сохтори он ирсол карда мешавад.

Бояд гуфт, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» оид ба масъалаи аз ҷониби гурӯҳҳои террористиву эктремистӣ даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳояшон бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ ва бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ сохтани ҷавонони ноогоҳ изҳори нигаронӣ карда шуд. Дар робита ба ин Пешвои миллат иброз доштанд, ки «мақомоти дахлдорро зарур аст, ки ҳамоҳангсозии фаъолиятро дар самти ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ боз ҳам вусъат бахшида, бо роҳи тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ пеши роҳи гароидани ҷавононро ба равияҳои ифротгаро гирифта, онҳоро дар руҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоянд».

Президенти мамлакат вобаста ба ин масъала ҷиҳати пешгирӣ намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистиву террористӣ ва ҷиноятҳое, ки бо истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ содир карда мешаванд, ба Прокуратураи генералӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ супориш доданд, ки якҷо бо дигар вазорату идораҳо масъалаи таъсиси Маркази ягонаи иттилоотиро омӯхта, пешниҳодҳои худро ба Ҳукумати мамлакат манзур намоянд.

Тазаккур бояд дод, ки мақомоти прокуратура яке аз сохторҳои муҳими низоми давлатдорӣ ба шумор рафта, вазифаи асосии он аз таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ бо мақсади ҳифзи мустақилият ва соҳибихтиёрии мамлакат, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосҳои демократии ҳокимияти давлатӣ, вазъи ҳуқуқии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, дигар мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар сохторҳои ғайридавлатӣ иборат аст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 марти соли 1992 Рӯзи таъсиси Прокуратураи Тоҷикистон ҳисобида шуда, 8 августи соли 2015 бо ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи рӯзҳои ид» 14 март иди касбии кормандони прокуратура эълон карда шуд. Яъне имрӯз кормандони ин ниҳоди муҳиму таҳкимбахшандаи қонун иди касбии худро бо дастовардҳои назаррас пешвоз мегиранд.

Ҳоло мақомоти прокуратура фаъолияти хешро ба набзи замони муосир ва рушди босуръати технологияи иттилоотӣмутобиқ намуда, барои беҳбуд бахшидан ба кори ҳаррӯза ҷиҳати назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар саросари мамлакат тадбирҳои мушаххас андешидааст, ки содагардонии расмиёти ҳуҷҷатнигорӣ, қабулу баррасии саривақтии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, санҷиши мавод ва пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ аз ҷумлаи он мебошад.

Тавре дар Прокуратураи генералӣ хабар доданд, бо мақсади амалӣ намудани барномаи «Ҳукумати электронӣ» дар дастгоҳи Прокуратураи генералӣ бо ҷалби мутахассисони соҳа Барномаи автоматикунонии низоми бақайдгирӣ ва гардиши мукотибот ба роҳ монда шуд. Барномаи мазкур ба сарфаи вақти корӣ, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти кормандон, дуруст тақсим намудани вақти корӣ, амалигардонии низоми коргузории муосир, таъмини назорат аз болои фаъолияти ҳар корманд, раванди баррасӣ, интиқол ва дар маҷмуъ, сифату самаранокии ҳалли ҳар як ҳуҷҷат муосидат намуда, барои муосиркунонии коргузорӣ, тезондани робита ва мубодилаи ҳуҷҷатҳо бо истифода аз технологияҳои навин, ки ба ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои поймолшудаи шаҳрвандон ва ташкилоту муассисаҳо равона шудааст, хизмат мерасонад. Гузашта аз ин, барои амалӣ гардонидани иқдоми мазкур дар мақомоти прокуратура тамоми кормандон бо техникаи компютерӣ таъмин буда, имкони дастрасӣ ба интернетро доранд.

Таърих ва роҳи тайкардаи мақомоти прокуратура дар даврони истиқлол нишон медиҳад, ки таҳкиму тавсеаи фаъолияти ин сохтор таҳти ҳидояту дастгириҳои Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконпазир гардида, мавқеи он дар низоми ҳуқуқии мамлакат боло рафт.

Бознашр аз АМИТ «Ховар»