Рӯзи 13-уми марти соли 2023 Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода бо муовини вазири таовун, кор ва рифоҳи иҷтимоӣ ва раиси Созмони омӯзиши техникӣ ва касбии Ҷумҳурии Исломии Эрон Ғуломҳусейн Ҳусейниниё ва сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадтақӣ Собирӣ мулоқот анҷом додааст.
Тавре Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар хабар медиҳад, дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва тақвияти ҳамкорӣ дар ин самт, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҷонибҳо зимни вохӯрӣ оид ба татбиқи Ёддошти тафоҳум байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати таовун, кор ва рифоҳи иҷтимоии Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кор, омӯзиши касбӣ ва техникӣ табодули назар намуданд.
Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқот ҷонибҳо бори дигар тасдиқ намуданд, ки имкониятҳо барои тақвияти ҳамкориҳои мутақобила зиёданд ва мақомоти марбутаи ду давлатро зарур аст, ки корҳои нақшавиро бо мақсади боз ҳам тавсеа додани робитаҳо ва расидан ба марҳилаҳои нави ҳамкорӣ амалӣ намоянд. Дар мулоқот ҷонибҳо таъкид доштанд, ки ба омӯзиши касбҳои техникӣ фаро гирифтани аҳолӣ ба рақобатпазирии қувваи корӣ ҳам дар дохил ва ҳам дар бозори меҳнати хориҷи кишвар мусоидат менамояд, ки ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар ин самт ба мақсад мувофиқ аст.
Манбаъ, зикр зикр мекунад, ки гурӯҳи кории Вазорати таовун, кор ва рифоҳи иҷтимоии Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳти роҳбарии муовини вазири таовун, кор ва рифоҳи иҷтимоӣ ва раиси Созмони омӯзиши техникӣ ва касбии Ҷумҳурии Исломии Эрон Ғуломҳусейн Ҳусейниниё бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардаанд ва тибқи барнома сафар то 16 март идома ёфта, боздид намудан аз якчанд марказҳои таълимиву литсейҳои омӯзишӣ ва маконҳои таърихӣ дар назар аст.