Тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо ҳамсолони худ аз Сурия бозии санҷишӣ доир кард

Рӯзи 21-феврал дар варзишгоҳи шаҳри Ҳисор бозии дӯстона миёни мунтахаби ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон ва Сурия баргузор шуд.

Вохӯрии дастаҳо бо пирӯзии футболбозони Сурия бо ҳисоби 1:0 хотима ёфт. Голи ягонаи бозиро дар дақиқаи 90+4 Муҳаммад Асад ба самар расонид.

Қабл аз оғози бозӣ футболбозони дастаҳои Тоҷикистону Сурия ба хотираи қурбониёни офатҳои табиии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон ва онҳое, ки бар асари заминларзаҳо дар Сурияву Туркия ҷон бохтанд, дақиқаи хомӯшӣ анҷом доданд.

Рӯзи 24-феврал дастаҳои ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон ва Сурия дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бозии дуюми санҷиширо доир мекунанд. Вохӯрии дастаҳо соати 16:00 оғоз мешавад.